logo

Хабарҳо

ПАХТА. Дар ноҳияи Восеъ 17000 тонна ҷамъоварӣ хоҳад шуд!

- Заҳматкашони ноҳияи мо ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси оқилона истифода бурдани замин амалӣ намуда, дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Маъракаи имсолаи ҷамъоварии пахта  дар  ноҳия  хеле хуб оғоз гашта, муташаккилона  идома дорад,  -  гуфт зимни суҳбат раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мӯсо Зариф.
Пахтакорони ноҳия мақсад доранд, ки имсол 17000 тонна пахтаи хушсифат истеҳсол намоянд. Бино ба иттилои сарагрономи раёсати кишоварзии ноҳия Искандар Раҳимов, пахтакорони ноҳия имсол дар майдони 8010 гектар пунбадона кошта, ҳосили хуб парвариш кардаанд. Натиҷаи ташкили хуби кор ва аз ҷиҳати моддиву маънавӣ ҳавасмандсозии чинакчиён буд, ки то имрӯз зиёда аз 11600 тонна пахтаи хушсифат ҷамъоварӣ гардид. Ин 71 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Имрӯзҳо барои ҷамъоварии пахта беш аз 13000 нафар ба саҳро баромада, рӯзе ба қадри 1,5 - 2 дарсади дурнамо ҳосил меғундоранд. Чинакчиён барои чидани як кило пахта 50 дирам ҳақи меҳнат мегиранд. Қобили қайд аст, ки то имрӯз 20 хоҷагии деҳқонӣ дурнамои ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд ва талош доранд, ки ҳосили боқимондаро беталаф ҷамъоварӣ намуда, ҳар чи бештар фоидаи соф ба даст оранд.
Ҳосил дар саҳро хеле зиёд аст. Барои ҷамъоварии он шароити кор фароҳам аст.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 166

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Ванҷ. Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Хадамот ба буҷети мамлакат 92799, 26 сомонӣ ворид намуд

"ТОҶИК – ЭЙР". Камбудиҳо бартараф мешаванд

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Шералӣ Сиддиқзода: "Шароити муосири таҳсилро фароҳам меорем"

Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

14.02.2018


ҲИСОР. Аз таъмини дурнамои пахта то иҷрои барзиёди даромади буҷет

КБА яхбандиро сабаби садамаи ҳавопаймои Ан-148 номид

СММ: «Гурезаҳои Мянмаро фоҷиаи нав дар пеш аст»

Ҳиҷрат ба Аврупо тавассути баҳри Миёназамин коҳиш ёфт

Дар Қирғизистон мубориза бо коррупсия миёни қудратиён сахттар мешавад

Қатар барои дучархаронҳо роҳҳои нав месозад

13.02.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Тоҷикистону Қазоқистон Масоили мубрами ҳамкориҳо матраҳ гаштанд

Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар

Ширкати "Хитойатом" "Аргус"-ро маблағгузорӣ хоҳад кард

33 миллион доллар барои рушди кишоварзӣ

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти журналистони касбӣ барои сомона ва ровиёну барандаҳои боистеъдод барои радио ОЗМУН эълон мекунад.

КТР: «Ҳавопаймои Ан-148 пас аз афтидан таркид»

Барқарорсозии роҳи оҳани Амузанг - Хатлон оғоз ёфт

Дар ҷануби Сурия ҷабҳаи нав кушода шуд

Сарвари ифротиёни «Давлати исломӣ» дар дами марг аст?

Чин дар рушди Сурияи баъдиҷангӣ нақши калон бозиданист

12.02.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Шоқосим Шоисломов

Тақвияти муносибатҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Омодагиҳо ба ҷашни 25 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳ

Ифтитоҳи мағозаи «Армуғон»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед