logo

маориф

ТО ОН, КИ ТИФЛ ХОНАДУ СОҲИБҲУНАР ШАВАД...

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии гимназияи № 74 - и ноҳияи Фирдавсӣ нахуст муассисаест, ки баҳри дили кас аз дидани бинои дуошёнаи зебову барҳаво, роҳравҳои ҳамвори тозаву озода ва гулу гулгаштҳои он, ки дар кӯчаи А. Деҳотӣ маъво гирифтааст, баҳра мегирад. Низому тартибро аз аввалин қадамҳо дар гимназия аз дидани посбонон бо либосҳои шинаму зебои махсус, ки ҳар як шахси воридгаштаро бо лаҳни хушоянд истиқбол менамоянд, дарк кардан мумкин аст. Сарулибоси ягона, одобу ахлоқи ҳамидаи хонандагони гимназия ва ин ҳама зебоӣ, албатта, аз кӯшишу заҳматҳои роҳбарону фаъолони муассиса дарак медиҳад.
Аз суҳбат бо Зулфинисо Иномова, директори гимназия, маълум гашт, ки муассиса 3 ҳазор хонанда, 7 кабинети фаннӣ, 4 синфи технологӣ дошта, омӯзгорон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, қонунҳо «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хонандагонро ба омӯзиш фаро гирифтаанд. Дар натиҷа муваффақиятҳо низ чашмрасанд. Имсол аз 241 хатмкунанда 226 нафар ба макотиби олии кишвар ва мамлакатҳои хориҷӣ шомил гардид.
- Ҳамасола иштироки хонандагон дар озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қаноатбахш буда, аз ҷумла дар соли таҳсили 2016-2017 дар олимпиадаҳо 56 хонанда сазовори ифтихорномаҳо шуд. Талабаи синфи 11 Сиёвуш Шораҳимзода дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни технологияи информатсионӣ соҳиби медали тилло, Гулбаҳор Сангова аз риёзӣ сазовори ҷои сеюм, Бибиҳумайрои Ғозӣ аз забони англисӣ соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Соли сеюм аст, ки як нафар хонандаи гимназия пас аз супурдани имтиҳони хатм, соҳиби аттестати аъло ва медали тилло мегардад. Зеро дар гимназия 106 компютер дар се синфхонаи компютерӣ бо ду хати интернет дар хизмати хонандагон қарор дорад, иброз дошт муаллима.
Табиист, ки ҷидду ҷаҳди устод ё худ муаллим ҳамеша самараи нек ба бор меоварад, чуноне ки бузургони аҳли адаб фармудаанд “Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд...”, аз ин рӯ маҳз кӯшишу ғайратҳои бевоситаи омӯзгорону устодони гимназия аст, ки имрӯз талабагони муассиса дар дилхоҳ донишгоҳу корхонаҳо бо ифтихор фаъолият доранд. Натиҷаи заҳмати омӯзгорон буд, ки дар соли таҳсили 2016-2017 гимназия унвони “Мактаби беҳтарин”- ро гирифта,  аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе соҳиби дипломи “Мактаби сол - 2016” гардид.
- Бар замми чандин роҳу усулҳои муайяни таълим, ки хоси гимназияанд, ҳамасола дар таълимгоҳ аз аксари фанҳо, махсусан аз фанҳои дақиқ бо гузарондани мониторинг сифати дониши хонандагон санҷида мешавад. Бо хоҳиши шахсии хонандагон дарсҳои иловагӣ ташкил гардидаанд, ки барои мукаммал гаштани сатҳи дониши онҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Иттиҳодияи методии фанни забони англисӣ бо сафоратхонаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта, хонандаи синфи 11 Н. Мирзоева  дар барномаи махсус оид ба забондонӣ иштирок намуда, соҳиби холҳои баланд гардид  ва  айни ҳол  дар ИМА  дониши худро аз фанни забони англисӣ мустаҳкам менамояд, - гуфт Зебунисо Алиназарова, муовини директор оид ба таълиму тарбия.
Қурбон АҲМАДЗОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 1462

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед