logo

иқтисод

ДЕҲОТИ БАРТАНГ. КОРКАРД ВА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ РУШД МЕЁБАД

Аён аст, ки сокинони деҳоти Тоҷикистон саъю кӯшиш менамоянд, то ҷараёни пешрафтро рушд диҳанд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар созанд. Ба ин қатор деҳаҳои дурдастарини водии Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ шомиланд. Даромади асосии аҳолӣ аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ мебошад. Онҳо ба парвариши чорвои хурд ва калон, ки заҳмат ва мушкили зиёд (норасоии чарогоҳ) дорад, машғул буда, аз фурӯши маҳсулот даромад мегиранд.    

Баҳодурбек Музофиров, сокини деҳаи Бардараи Ҷамоати деҳоти Басиди водии Бартанг, ду сол боз ба коркарди мӯина машғул аст. Вай ашёи хом - пашми чорворо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ харид ва дар сехи навбунёдаш коркард намуда, ришта истеҳсол мекунад. 15 нафар сокини деҳаро ба кор ҷалб кардааст. Аз ҳисоби коркарди мӯина ва истеҳсоли ришта 50 нафар занони деҳа ба корҳои бофандагӣ - истеҳсоли ҷӯроб, намад, чанд намуди либоса, тоқӣ, муҳра, ҷузвдони занона ва туҳфаҳои хотиравӣ машғуланд.
Ниёзбек Ниёзбеков, раиси Ҷамоати деҳоти Басид, дар ин бора иброз намуд, ки коркард ва истеҳсоли маҳсулот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон бо таъмини таҷҳизоти пашмтозакунӣ ва дигар қисмҳои таркибӣ, ҳамчунин, гузарондани курсҳои омӯзишӣ ва семинар – тренингҳо ба роҳ монда шудааст, ки натиҷаи иҷрои яке аз бандҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон» мебошад.
Занони ҳунарманди деҳаи Басид дар як моҳ аз 200 то 300 ҷуфт ҷӯроби пашмин ва зиёда аз 600 тоқӣ истеҳсол мекунанд.  Ҳаҷми истеҳсоли саноатии ноҳия то якуми сентябри соли равон  5 миллиону 408 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо бунёди коргоҳҳои нав афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар назар дошта шудааст. Барои таъсиси корхонаи коркарди пашм дар деҳаи Басид моҳи октябри соли 2014 аз тарафи соҳибкор  Н. Хуфиҷов дархост оид ба қарзи  дарозмуддат бо пешниҳоди лоиҳа - нақшаи тиҷоратӣ ба муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» - и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ирсол гардид. Вале, лоиҳа аз тарафи фонд дастгирӣ наёфт, - гуфт Н. Ниёзбеков.
Айни замон бештари маҳсулоти тавлидотии ҳунармандони деҳот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Ғайр аз ин, барои муаррифии ҳунари дастӣ ва расму оини миллӣ берун аз кишвар низ ба намоиш гузошта мешавад. Талабот ба маҳсулоти дастии аз ҷиҳати экологӣ тоза дар дохил ва хориҷи кишвар дар авҷ аст. Деҳотиён бо истифода аз ин фурсат кӯшиш доранд зиёдтар маҳсулот истеҳсол кунанд. Аммо дар бисёр ҳолат барои сари вақт фурӯхтани маҳсулоти истеҳсолкардаашон бозори муайян надоранд, ҳарчанд ба моли онҳо таваҷҷуҳ зиёд аст. Маҳсулоти дастии пашмин бо маҳсулоти ғизоӣ иваз карда мешавад. Ҳоло, ки дар бозор талабот ба пашми маҳин бештар аст, хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Басид ба парвариши бузҳои ангорӣ машғуланд. Шумораи онҳо ба 100 сар расидааст. Азбаски асоси даромади мардуми деҳот аз ҳисоби рушди чорводорӣ мебошад, бо вуҷуди дастовардҳои муайяни ин соҳа фаъолият дар ин самт беҳбудӣ мехоҳад. Дар робита ба ин, дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ супориш гирифтанд, ки ба масъалаи зотпарварӣ ва беҳтар кардани зоти чорво эътибори ҷиддӣ диҳанд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 591

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед