logo

иҷтимоиёт

БАРАКАТИ ТАНЗИМ

Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, барои мардум ва ба манфиати мардум мебошад. Ин қонуни зиндагисоз дар давраи амали худ тавонист ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, аз байн бурдани хурофоту зиёдаравӣ мусоидат карда, маросими миллиро ба танзим дарорад.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Исмоилов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия ҳолатҳои вайрон кардани муқаррароти он сабт нашудааст. Дар баробари корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, фикр мекунам, дастрас намудани нусхаи қонун ба ҳар як оила аз манфиат холӣ нест. Хуб мешуд, ки теъдоди нашри қонуни мазкур вобаста ба шумораи аҳолӣ ба маротиб зиёд карда шавад.
- Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 1789 ҷашну маросим доир гашт, ки хароҷоти умумии онҳо 5 миллиону 593 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Забҳи чорво нисбат ба чанд соли пеш 5 маротиба кам гардидааст. Аз аввали сол то имрӯз  хатнасури хайриявии 100 нафар кӯдаки бепарастор, камбизоат ва ятими кулл гузаронда шуд. Ҳамзамон, ҳашт ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида, нисбат ба 5 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, - иброз дошт Э. Исмоилов.
Дар ин давра кормандони комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳашт ҷамоати деҳот 16 семинару машварат ва мизҳои гирд доир намуданд. Дар натиҷа шумораи бекор кардани ақди никоҳ назар ба солҳои гузашта бамаротиб кам шуд. 17 оилае, ки дар ҳолати вайроншавӣ қарор дошт, бо маслиҳату машварати шахсони барӯманди ноҳия ва сархатибони масҷидҳои ҷомеъ барқарор гардид.
Холназар КАСИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 727

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед