logo

иқтисод

ПАРВАРИШГОҲ ВА НАҚШИ ОН ДАР ҲИФЗИ ТАБИАТ

Табиат барои инсон манбаи ҳаёт аст. Ҳаёт, рӯзгори инсон ба истифодаи сарватҳои табиӣ вобастагии калон дорад. Аз ин сабаб, истифодаи оқилонаи захираҳои гуногуни табиат омили муҳимтарини беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Табиати Тоҷикистон ғанию рангин буда, ба масъалаи аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани намудҳои нодир ва зери таҳдиди нестшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот аҳамияти хосса дода мешавад. Соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ пайваст. Дар асоси талаботи ин конвенсия Нақшаи миллии амал оид ба ҳифз ва оқилона истифода бурдани гуногунии биологӣ таҳрезӣ ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2003, № 392  тасдиқ гардид.
Айни ҳол дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсис дода шудаанд.  Мақсад аз ташкил намудани онҳо нигоҳ доштани   экосистемаи табиат,  намудҳои набототу ҳайвонҳои нодири кишвар мебошад. Ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ, боғҳои табиӣ, минтақаҳои табиии истироҳатӣ ва дигар минтақаҳои табиии муҳофизатшаванда, ки зиёда аз 22,1 дарсади масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дохил мешаванд.
Парваришгоҳ майдони табииест, ки дар ҳудуди он намудҳои нодири олами набототу ҳайвонот ва манзараҳои нотакрори кишварамон нигоҳдорӣ  мешаванд. Фарқияти парваришгоҳ аз мамнуъгоҳ дар он аст, ки дар парваришгоҳ корҳои истеҳсолӣ иҷозат дода мешаванд, вале дар мамнуъгоҳ бошад, баръакс, ин амал мамнуъ мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 парваришгоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Дар шуъбаи табиати Осорхонаи миллии Тоҷикистон диорамаи (намуди, манзараи) парваришгоҳи Даштиҷум, ки онро мутахассисон дар сатҳи баланди касбӣ офаридаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Ҳангоми гузар аз назди диорамаи мазкур тамошобин худро  дар олами зебои табиати биҳиштосои кишвари азизамон эҳсос мекунад.
Мавриди зикр аст, ки парваришгоҳи Даштиҷум соли 1972  ташкил шуда, аз  тарафи рости соҳили дарёи Панҷ, ки дар нишебии ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Ҳазратишоҳ аз шимол ба ҷануб ба масофаи 45 км тӯл кашидааст, ҷойгир мебошад. Марзи ҷанубии парваришгоҳ аз сарҳади давлатӣ ва дарёи Панҷ ибтидо мегирад. Масоҳати умумиаш 50,1 ҳазор гектар аст.
Мақсад аз таъсис додану нигоҳдории ин парваришгоҳ дар ҳудуди ИДМ барқарор намудани популятсияи устувор, ҳифз ва барқарор намудани экосистемаҳои вайроншуда, дар навбати аввал ҷангалҳои кӯҳӣ, мебошад. Дар парваришгоҳи Даштиҷум рустаниҳои хеле нодир, назири алафҳои гуногуни субалпӣ, пистазор, арчазор, намудҳои зиёди рустаниҳои дарахтиву буттагӣ ва эндемикӣ, ки аҳамияти махсус доранд, мерӯянд. Дар ин парваришгоҳ 15 намуди ҳайвонҳои нодир нигоҳдорӣ мешаванд, ки аз онҳо 5 намуд муҳрадорон буда, ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд.
Инсон аз ҳисоби табиат ҳаёт ба cap мебарад ва табиат манбаи таъминоти моддӣ ва маишии инкишофи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Омили асосии инкишофи инсоният на ҳукмронӣ ва поймол кардани табиат, балки муносибати оқилонаю беғаразона, ҳифзи тамоми ҷузъҳои олами органикӣ ва ғайриорганикӣ мебошад.
Ҳифз намудан ва нигоҳ доштани олами набототу ҳайвоноти нодир вазифаи муҳими ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро табиати Тоҷикистон  арзиши ҳаётӣ барои мо ва наслҳои ояндаи мост.
Арафа САЛИМОВА,
сармутахассиси шуъбаи табиати
Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 55

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед