logo

иҷтимоиёт

ҶӮРАБОЙ АҲМАДЗОДА: "ҶАВОНОН БО ДУОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕСАБЗАНД"

Аз соли 1953 то 2006 дар мактабҳои шаҳри Ҳисори шодмон омӯзгор, муовин ва директори мактаб будам, яъне 53 сол дар таълиму тарбияи насли наврас ва навҷавонон заҳмат кашидам. Шогирдони зиёде тарбия намудаву ба воя расондаам, ки аксари онҳо дар вазифаҳои масъул ба халқ, миллат ва Тоҷикистони азиз сарбаландона хизмат менамоянд. Дар соли 2017, ки онро Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон намуданд, мо ба таҳсил ва тарбияи ҷавонон боз бештар масъулият эҳсос менамоем.

Ман, ки имрӯз давлати пирӣ меронам, аз як чиз ифтихор дорам. Ва на танҳо ман, балки ҳазорон нафар ҳам. Аз он ки Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои илму дониш андухтани ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё намудаанд, ки дар давраи донишҷӯии мо набуд. Ман ҳам дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Тарас Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) мехондам ва ҳам дар истеҳсолот кор мекардам, зеро идрорпулӣ намерасид. Падару модарам пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳон аз гуруснагӣ фавтиданд, ягона бародари паҳлавонам дар ҷанги зидди фашистон ҳалок шуд. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо садҳо нафар ятимони кулл дар тарбияи давлатанд ва Квотаи президентӣ низ ба оилаҳои ниёзманд имкон фароҳам овардааст, ки фарзандони болаёқати худро соҳибтахассус намоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар куҷое бошанд, ба кадом корхонаю хоҷагие раванд, аввал аз ҷавонон ҳол мепурсанд. Оре, ҷавонони кишвари мо бо дуои неки Пешвои миллат месабзанд.
Чунин нигоштааст омӯзгори собиқадор Ҷӯрабой Аҳмадзода дар китоби хотироташ «Шебу фарози зиндагӣ», ки тавассути нашриёти «Ирфон» ба нашр расидааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 705

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр

Владимир Путин дар интихоботи президентӣ иштирок хоҳад кард

Сурия аз ҷангиёни «ДИ» пурра озод карда шуд

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намуд

Назарбоев татбиқи лоиҳаи «Қазоқистони рақамӣ» - ро муҳим меҳисобад

Калонтарин ҳавопаймои дубаҳра ба парвози нахустин омода аст

Олимон скелети одами 3,6 миллион - соларо барқарор карданд

05.12.2017


Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Иштироки Маҳкам Маҳмудзода дар конференсияи байналмилалӣ

Ифтитоҳи Маркази илмиву фарҳангии Русия дар Хуҷанд

Бунёди мактаб дар Рошорв

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед