logo

иҷтимоиёт

ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД! ДАР БОРАИ ОМОДАГИҲОИ НОҲИЯИ СИНО БА ФАСЛИ САРМО

Баъди ба  фаъолият пардохтани    Маркази барқу  гармидиҳии   «Душанбе - 2»  вазъи  таъминоти аҳолӣ  бо неруи гармӣ дар  ин ноҳияи пойтахт рӯ ба беҳбудӣ овард.

Эраҷ Рамазонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сино иброз дошт,  ки  мувофиқи нақша - чорабиниҳо дар беш аз 800  иншоот, ки аксаран иҷтимоиянд, корҳои пайвастсозӣ ба Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» ва насби таҷҳизоти гармидиҳанда  дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Имсол сокинони  шаҳракҳои 11, 12, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103,  104, маҳаллаҳои Испечак - 1, Испечак - 2 - и   шаҳраки 114 ва маҳаллаҳои Зарафшон, Зарафшон -1, Бобо Ҳамдамов  (собиқ Зарафшон -2 ) аз неруи гармии  аз ҷиҳати экологӣ  тоза  баҳравар мешаванд.
Дар ин замина дар ҳудуди ноҳия  иловатан боз  14  иншоот  берун аз нақша  барои қабули неруи  гармӣ  пурра омода  шудаанд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо шумули бақияи  соли гузашта ба миқдори 72,4 тонна ангишт мавҷуд мебошад. Дар 10  муассисаи соҳаи тандурустии ноҳия 26 генератор, 310  гармкунаки барқӣ, 110  равшандиҳанда, 25,9 тонна ангишт, 31,2 метри кубӣ ҳезум, 1240 литр сӯзишворӣ, 1750 кг қум ва 500 кг намак, дар муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия  ба андозаи зарурӣ қум, намак, сӯзишвории дизелӣ ва ҳезум захира гардидааст. Инчунин, 46  мошин, аз ҷумла техникаҳои барфтозакунӣ, қумпошак ва борбардор, барои хизматрасонӣ дар мавсими зимистон пурра омодаанд.
Мутахассисони шабакаҳои барқии ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018  сохтмони хатҳои нави барқии зеризаминӣ (дар маҷмӯъ 13 километр), 10  истгоҳи трансформатор, ҳамчунин, иваз намудани трансформаторҳои камиқтидор ба трансформаторҳои тавоноияшон баланд  ва иваз намудани 113 симчӯби фарсудашуда дар хатҳои барқии ҳавоиро  ба анҷом расондаанд.
Иронбӣ МӮСОЗОДА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 71

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед