logo

фарҳанг

МЕҲРГОН. АЗ БАРАКАТ ТО ФАРОВОНӢ

Меҳргон дар баробари Наврӯз аз зеботарин ва шоистатарин ҷашнҳои аҷдоди тоҷикон ба шумор меравад, ки дар гузашта миёни мардумони ориёӣ нисбат ба дигар иду маросим мавқеъ ва манзалати воло дошт. Аз омадани он аз шоҳу вазир сар карда, то деҳқону косиб - ҳама хурсандӣ мекарданд. Шоирон васфу тасвири Меҳргонро дар шеърҳояшон тараннум менамуданд ва шаъну шукӯҳи ин ҷашни азизро дурахшонтар месохтанд. 
Чунончи, устод Рӯдакӣ гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад. 
Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷойи савсан омад боз,
Май ба ҷойи арғувон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту ҷавон омад.
 
Мунҷики Тирмизӣ яке аз шоирони дигари варзидаи тоҷик дар як қасидааш васфи зебоиҳои тирамоҳро пайванд бо Меҳргон ҷой додааст. Ӯ ишора ба таҳвили офтоб, яъне эътидоли тирамоҳии сол карда, аз дигаргуниҳои табиат низ хабар медиҳад.

Худойгоно, фархунда Меҳргон омад,
Зи боғ равон гашт ба таҳвили офтоб аҳвол.
Саропардаи суҳбат кашид себу турунҷ,
Ба табли реҳлат барзад гули бунафша дувол.
Ба сони моҳии заррин кунун фурӯ резад,
Зи бед барг ба як зилзила ба оби зулол.

Ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ ва адабӣ, махсусан, дар ашъори шоирони классики форс - тоҷик ҳамчун тимсоли баракату фаровонӣ, файзи дастархони кишоварзону боғдорон ва ҳунармандону чорводорон намудор мешавад. Таҷлили Меҳргон дар тирамоҳ бо Наврӯзи баҳорӣ як навъ тавозунро ба вуҷуд овардааст. Аҷдоди тоҷикон дар айёми баҳор бо сад нияту умед ба корҳои кишоварзию боғпарварӣ ва ғайра шурӯъ карда, дар фасли тирамоҳ ҳосили заҳмати худро гирдоварӣ мекарданд. Дар ҳар амал онҳо аз худои худашон – Меҳри баракатбахш фаровонию афзунии самараи дастранҷи хешро дархост менамуданд. Баъд аз гирдовариҳо ба рамзи шукронаи неъмати худодод ҷашнҳо меоростанд, шодию хуррамӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, арзи сипос ва арҷгузорӣ ба неъматҳои табиат ва меҳру илтифоти эзади Меҳр густаришу шукӯҳ пайдо карда, тадриҷан ба ҷашни бузурги минтақавӣ табдил ёфтааст.
Меҳргон ҷашни мардумист. Онро шоҳони сосонию амирони сомонӣ бо халқ ва барои халқ барпо менамуданд. Дар доираи таҷлили Меҳргон онҳо корҳои кишоварзию боғдорӣ ва касбу ҳунарҳоро таблиғ мекарданд, мардумро ба иттиҳоду дӯстӣ ва корҳои нек мехонданд. Ҳамин гуна арзишу ғояҳои судбахши Меҳргон буд, ки вусъату тамдиди онро таъмин кард ва то ба рӯзҳои мо дар шаклу суратҳои гуногун омада расид.
Дар асрҳои миёна то ба ибтидои садаи ХХ Ҷашни Меҳргон ба гунаи як иди оммавии мардумӣ бо номҳои сайр ва иди тирамоҳӣ дар байни тоҷикон таҷлил мегашт.
Чунин  сайрҳо, ки як навъ идомаи Ҷашни Меҳргон мебошанд, дар маҳалҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ то ба нимаҳои садаи ХХ барпо мешуданд. Чунончи, дар деҳаи Хуҷии Болои ноҳияи Ҳисор мазоре ҳаст, ки мардум ҳар тирамоҳ се маротиба рӯзҳои чоршанбе дар он сайр барпо мекарданд. Ин анъана ҳоло ҳам бо андаке тағйирот идома дорад. Тавре ки фолклоршиноси варзида Рӯзӣ Аҳмад дар асараш «Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ» навиштааст, тоҷикони деҳаи Саричашмаи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон баъди бардошти ҳосилоти деҳқонӣ, ки ба нимаи моҳи октябр рост меояд, «Сайри мазор» ном иде доштанд. Сокинони деҳаи мазкур гӯсфанд ё гов кушта аҳли деҳа ҷашни бузурге меоростанд ва рӯйи дастархон меваҳои гуногун тарбузу харбуза  ва нону шириниҳо ниҳода, дар сайргоҳ дафу сурнаю  дутор навохта, рақсу бозӣ мекарданд ва ин шодиву сурур то бегоҳ идома меёфт.
 Мардум ҷашни «Сайри мазор» - ро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола кишти деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон  осуда бошад, хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад ва молу ҳолашон  бегазанд бошанд ва Худои мутаол онҳоро аз балоҳо нигаҳбон бошад.
Боиси шодмонист, ки Ҷашни Меҳргон дубора эҳё гардид ва тавассути он корҳои самарабахши кишоварзию боғдорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва касбу ҳунарҳои дигар таблиғу ташвиқ мешаванд. Он, воқеан, таҷассумкунандаи суннатҳои неки ниёгони мост.
Дилшод РАҲИМӢ,
муовини директори
Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии
фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 80

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед