logo

туризм

ХОРУҒ ШАҲРИ САЙЁҲОН

Хоруғ маркази асосии сайёҳии Бадахшон ва яке аз нуқтаҳои интиқоли сайёҳон ба мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мебошад. Ҳамасола ҳазорҳо сайёҳон аз кишварҳои гуноногуни олам барои дидани табиати зебо, кӯҳҳои бузурги барфпӯш, кӯли Сарез ва дигар дороиҳои аҷиби Бадахшон маҳз ба маркази вилоят меоянд. Онҳоро метавон гоҳо пойи пиёда, гоҳо бо дучарха, мототсикл ва мошинсавор дид.

Хоруғ маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, дар дараи жарфи соҳили рӯди Ғунд ва резишгоҳи он дар дарёи Панҷ дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гашта, бо Афғонистон ҳамсарҳад аст. Хоруғ ба воситаи роҳи калони автомобилгард пойтахти мамлакат - Душанберо бо Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо роҳи Хоруғ - Мурғоб - Қулма бо Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваст месозад. Шоҳроҳ аз маркази Хоруғ мегузарад. Роҳи Хоруғ – Мурғоб – Қулма (сарҳади Тоҷикистон бо Чин) моҳи майи соли 2004 сохта шудааст. Феълан фурудгоҳи маҳаллӣ тайёраҳоро аз Душанбе ва Ош қабул мекунад.
Шаҳри Хоруғ, ки дар ҷойи зебоманзар воқеъ аст, маркази вилоятии идора, тиҷорат, нақлиёт ва қабл аз ҳама таҳсилот мебошад. Водии дарё хеле танг аст, бинобар ин, Хоруғ танҳо ду кӯча дорад. Бо вуҷуди ин, шаҳр биноҳои филиали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи М. Назаршоев, Неругоҳи барқи обии Хоруғ, ширкати «Помир энерҷӣ», сохтори гуногуни давлатӣ, меҳмонхонаҳои бузургу хурд, тарабхонаву ошхона ва марказҳои маърифативу фарҳангиро дар бар гирифтааст.
Дар қисми шарқии шаҳри Хоруғ, дар баландии 2320 метр аз сатҳи баҳр, дар соҳили рӯди Шоҳдара боғи ботаникии зебо ҷойгир аст. Он аз ҷиҳати баландӣ дар ҷаҳон дуюмин боғ буда, дар он рустаниву дарахтони беназири аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон овардашуда месабзанд. Сайру гашт дар боғ ниҳоят фараҳбахшу аҷиб аст. Аз ин ҷо метавон тамоми шаҳри Хоруғро тамошо кард.
Хоруғ бо сафедорҳои бузург ва хонаҳои анъанавии бадахшонӣ шаҳри хурраму зеборо мемонад. Бо ин ҳама дороиву афзалият Хоруғ ба шаҳри сайёҳон табдил ёфтааст. Ҷиҳати пешбурди сайёҳӣ ва таҳлили соҳа Ассотсиатсияи эко-фарҳангиву сайёҳии Помир таъсис ёфта, айни ҳол дорои 21 аъзо мебошад.
Агар 12 километр шимолтар аз Хоруғ ба самти деҳаи Ваҳдат (пештара Миденшор) рафт, метавон, чашмаи муқаддаси «Пир Шоносир Чашма» вохӯрд. Чашма ба хотири ташрифи равшанфикри шинохта ва файласуфи Шарқ Носири Хусрав чунин номгузорӣ шудааст. Назди чашма пайкараи шоир гузошта шудааст. Метавон аз осорхонаи ба номи Носири Хусрав дидан кард. Дар майдонҳои поинӣ, боқимондаҳои ду маъбади гирдшакл ҳаст. 15 километр аз шаҳр дар деҳаи Поршнев корхонаи коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ фаъолият мебарад. Сайёҳон аз ин ҷо армуғон аз гавҳарҳои маъруфи Бадахшон – лаъл, лоҷувард, ҷамаст ва дигар сангҳоро мехаранд.
Баҳри ҷалби сайёҳон ба вилоят ҳамасола дар шаҳри Хоруғ ҷашнвораи фарҳангии «Боми ҷаҳон» гузаронда мешавад, ки дар он ҳунармандон ва санъаткорони ҷумҳуриҳои ҳамсоя ширкат меварзанд. Дар ин чорабинӣ маҳсулоти ҳунарӣ ва савғотӣ пешкаши сайёҳон мегардад. 
Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 1432

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Ванҷ. Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Хадамот ба буҷети мамлакат 92799, 26 сомонӣ ворид намуд

"ТОҶИК – ЭЙР". Камбудиҳо бартараф мешаванд

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Шералӣ Сиддиқзода: "Шароити муосири таҳсилро фароҳам меорем"

Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

14.02.2018


ҲИСОР. Аз таъмини дурнамои пахта то иҷрои барзиёди даромади буҷет


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед