logo

фарҳанг

РИСОЛАТИ МОДАР

Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади  таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ, густариши фаъолияти ташкилотчигию ҷамъиятии меҳнатӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон, тӯли солҳои истиқлолият маҷмӯи тадбирҳои имконпазирро андешида амалӣ мегардонанд, ки онҳо дар як қатор  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҷассум ёфтаанд. Бахусус, ба камол расондани фарзандони солим, ватандӯст, худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату донишманд, баору номус дар шароити кунунӣ беш аз пеш аҳамият пайдо мекунанд ва расидан ба ин ҳадафҳои инсондӯстона, ба ҷо овардани ин рисолати бузург  ба ному хизматҳои зан - модар  сахт марбут аст. 

Мутаассифона, имрӯз бо чунин занону модароне низ дучор шудан мумкин аст, ки худро дар омӯзиши донишҳои дунявӣ аз ҳамқадам будан бо ҷомеаи умумибашарӣ дар канор гирифта, суннатҳои миллиро ба кунҷи фаромӯшӣ ниҳодаанд. Ҳамин аст, ки онҳо баъзан рӯ ба бегонапарастӣ оварда, дар тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд, ки бо чунин ҳолати ногувор набояд муросо кард. Дар амал татбиқ намудани қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳо ҷиҳати ба камол расондани ворисони сазовори миллат, риояи суннатҳои аҷдодӣ, пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани ҳама гуна тақлидкориҳои кӯр - кӯрона нақши муассир мебозанд.  Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, занону модарон вазифадоранд, ки дар риояи талаботи қонунҳои мазкур намунаи ибрат бошанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо корҳои маърифатию тарғиботиро дар байни аҳолӣ таҳким бахшанд.
Таърихи башарият борҳо бузургии занону модарони соҳибмаърифатро  собит кардааст. Модарони донишманд ҳамеша боиси ифтихоранд, ки онҳо ҳар як нияту иқдом, ҳар як рафтору кирдори фарзандонашонро эҳсос менамоянд ва мекӯшанд, ки онҳоро ба сӯйи зиндагии шоиставу пурсаодат роҳнамоӣ созанд.
Модаре, ки донишманд аст, фарзандони ӯ низ маърифати баланд дошта, дар роҳи донишандӯзӣ қадамҳои устувор мегузоранд ва  худшиносу худогоҳанд; модаре, ки хушахлоқ аст, мекӯшад, ки фарзандонаш низ бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия ёфта, ба камол бирасанд; модаре, ки омӯзгору китобхон аст, мехоҳад, ки ҷигарбандонаш низ ба китобу китобхонӣ меҳру муҳаббат дошта бошанд; модаре, ки риояи суннатҳои миллиро ҳадафи зиндагии худ қарор додааст, ҳаргиз намехоҳад, ки пайвандонаш рӯ ба унсурҳои бегона оваранд; модаре, ки забондону ҷаҳондон аст, фарзандони ӯ низ аз донишҳои умумибашарӣ, аз урфу одат ва суннатҳои аҷдодии халқу миллатҳои сайёраамон бархӯрдоранд. Фарзандони модари соҳибҳунар, бешак, ба меҳнати ҳалолу соф-дилона дилбастагӣ доранд, духтарони  модари кадбону, албатта, ба пухтани таомҳои лазиз майлу рағбат доранд, онҳо инсондӯст, дидадаро ва меҳмоннавоз хоҳанд буд; парвардагони модари варзишгар аксаран чусту чолок, қавииродаву боҷасорат  буда, қадду басти расо ва тану рӯҳи  солим  доранд… Ҳамаи ин хислатҳои наҷиби инсонӣ ба фарзандон имкон медиҳанд, ки ҳангоми ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон мушкилоти рӯзгорро  паси сар намоянд, дар хонадонашон шахсони соҳибэҳтирому баобрӯю иззат бошанд ва дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ нақши муассир гузоранд. Сарвари давлат барҳақ таъкид доштаанд: «Мо бо ифтихор ва такрор ба такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони банангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст».
Пас,  занону модарон бояд тавре  кору зиндагӣ кунанд, ки рисолати модариро  сарбаландона ба ҷо оварда, бо рафтору гуфтор ва хизматҳои софдилонаи худ ба боварию  эътимоди  давлату Ҳукумат, умуман, халқу диёр пайваста таҳким бубахшанд ва дар ҷодаҳои ҳаёт ҳамеша арзандаи эҳтирому қадршиносӣ бошанд.
Идигул ҚОСИМЗОДА,
раиси Кумитаи кор бо занон
ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 832

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед