logo

Хабарҳо

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ 311 килограмм маводи мухаддири мусодирашуда ба коми оташ андохта шуд.

Ин миқдор маводи нашъаовар, ки метавонист ба ҷони садҳо нафар хатар эҷод кунад, дар ҳузури намояндагони мақомоти прокуратура, суд, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дар бухории махсуси агентӣ сӯзонда шуд. Тавре маълум гардид, аз ин миқдор 39,8 грамм героин, 29 килограмму 617 грамм ҳашиш, 280 килограмму 413 грамм бангдона, 0,7526 грамм афюн ва 3,822 грамм ҳабҳои МДМА, инчунин, 1 килограмму 003 граммро метамфетамин ташкил медиҳад.
Маводи нашъаовари сӯзондашуда аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузарондани амалиётҳои вижаи фаврӣ - ҷустуҷӯӣ мусодира гардида, вобаста ба он қарорҳои дахлдори судӣ низ қабул шудаанд.
Маъракаи вобаста ба нобудсозии маводи мухаддир дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал набуда, танҳо дар соли ҷорӣ маротибаи чоҳорум аст, ки бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат мегирад. Ҳаҷми умумии маводи нашъавори сӯзондашуда дар ин давра 2 тоннаву 327 килограммро ташкил медиҳад, ки аз тақвияти мубориза алайҳи мухаддирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат мекунад.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 139

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед