logo

иқтисод

ВАНҶ. РӮ БА ИСТЕҲСОЛОТ

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ бо мақсади рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кӯҳистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад.
Аз рӯйи маълумоти Латиф Шоҳзодаев, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят, дар ноҳияи Ванҷ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот бо ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ сокинони деҳотро бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин кардаанд.
Ба гуфтаи Моҳшариф Хомӯшова, мудири бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, сокинони ин минтақа, хусусан занону духтарон, хурсанд аз онанд, ки дар ноҳия, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулот, аз ҷумла себу нок ва гиёҳҳои шифобахши ин диёри пурфайзу пурбаракат,  аҳамияти калон дода истодаанд.
Тайи ду - се соли охир дар водии Ванҷи Боло корхонаҳои коркарди равғани ангату чормағз, рустаниҳои шифобахш, дар Ҷамоати деҳоти Язгулом коргоҳҳои коркарди туту мавиз бунёд ёфта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳоло маҳсулоти аз себу нок тайёршуда берун аз ноҳия низ талаботи зиёд пайдо кардааст.
Ба наздикӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва Барномаи рушди иҷтимоии манотиқи кӯҳистон  дар деҳаи Роғи Ҷамоати деҳоти Муҳаммадулло Абдуллоев аз ҷониби соҳибкори ҷавон Амриддин Мӯсоев коргоҳи хурди истеҳсоли шарбат аз себу нок сохта шуд.  Маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ин  коргоҳ аллакай ба бозорҳои ноҳияи Мурғоб ва шаҳри Хоруғ ворид гардидааст.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 65

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед