logo

фарҳанг

ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН

Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Эмомалӣ РАҲМОН

Мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик Меҳргонро, ки ҷашни ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи марди деҳқон маҳсуб меёбад, бо як тантанаи хосса таҷлил мекунанд. Меҳргон дар қатори ҷашнҳои дигари миллӣ мақоми хоссае касб намудааст. Кишоварзон ҳосили ранҷи худро дар тирамоҳ ҷамъоварӣ карда, дар ин ҷашн рӯи хони мардуми кишвар мегузоранд.   
Таърихи Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон аз замонҳои қадим маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Шукри даврони соҳибистиқлолӣ, ки ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати тозаю хосса эҳё гашт, яъне ба ҷашни Меҳргон даврони истиқлолият,  сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ умри дубора бахшид..
Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Ин  соҳаи афзали хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
Аҳамияти муҳим ва мавқеи хоссаро  касб кардани  ин ҷашни фархунда  боз  дар  он таҷассум меёбад ки ҳалли яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва  Ҳукумати ҷумҳурӣ,  яъне таъмини амнияти  озуқаворӣ аз пешрафту тараққиёти соҳаи кишоварзӣ вобастагии қавӣ дорад.
Таҷлили Ҷашни Меҳргон дар мавсими ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон далели он аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онро яке аз вазифаҳои муқаддаси худ қарор додааст. Итминони комил дорам, ки дар партави сулҳу амонӣ ва файзи ваҳдати миллӣ баракати Меҳргони имсола аз гузашта ва Меҳргони оянда аз имсола ҳам зиёдтар ва хони мардуми кишвар боз ҳам рангинтар мегардад.
Наҷмиддин РАҶАБОВ,
муовини директори Институти чорводории АИКТ, номзади илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 621

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр

Владимир Путин дар интихоботи президентӣ иштирок хоҳад кард

Сурия аз ҷангиёни «ДИ» пурра озод карда шуд

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намуд

Назарбоев татбиқи лоиҳаи «Қазоқистони рақамӣ» - ро муҳим меҳисобад

Калонтарин ҳавопаймои дубаҳра ба парвози нахустин омода аст

Олимон скелети одами 3,6 миллион - соларо барқарор карданд

05.12.2017


Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Иштироки Маҳкам Маҳмудзода дар конференсияи байналмилалӣ

Ифтитоҳи Маркази илмиву фарҳангии Русия дар Хуҷанд

Бунёди мактаб дар Рошорв

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед