logo

иҷтимоиёт

ТИББИ ОИЛАВӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

Чанде қабл дар  маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон боз 62 нафар табиб ва ҳамшираи шафқат аз 14 шаҳру ноҳияи вилоят ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Бозомӯзӣ дар маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббии Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони тибби оилавӣ дар маркази мазкур беҳтарин шароити таълимию маишӣ фароҳам оварда шудааст.
Мавлуда Назарова, директори маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон, гуфт, ки дар маҷмӯъ 177 нафар табибу ҳамшираи шафқат ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб шудаанд. Дар МД «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» 49 нафар - 11 табиб ва 38 ҳамшираи тибби вилоят ҷалб гардиданд. Аз ҳисоби буҷет бошад, дар ноҳияи Хуросон 15 нафар ҳамшираи шафқат бозомӯзӣ доранд. Ба роҳ мондани чунин курсҳои бозомӯзӣ аз як тараф барои боз ҳам беҳтару хубтар гаштани хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ  мусоидат намояд, аз ҷониби дигар бо ин роҳу васила метавон мушкилоти норасоии кадрҳоро дар бунгоҳу марказҳои саломатии деҳот бартараф кард.
Аз рӯи барномаи бозомӯзӣ таҷрибаомӯзон дар зарфи 6 моҳи таҳсил бо идрорпулӣ, ҷойи хоб ва маводи конселярӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин, ройгон аз китобхона, ошхона, дастгоҳҳои компютерӣ, таҷҳизоти гуногуни тиббӣ, нақлиёти хизматӣ истифода менамоянд. Курсҳои бозомӯзӣ дар ду марҳила ҳам ба таври назариявӣ ва ҳам ба таври амалӣ гузаронда мешаванд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 75

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед