logo

маориф

ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ. ДДТТ ДАР ТАТБИҚИ ОН ФАЪОЛ АСТ

Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди маорифро аз самтҳои  афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон намудааст. Ҳоло дар  доираи  консепсияву барномаҳо дар соҳа ислоҳот ва навсозӣ бо маром идома дорад, ки низоми таҳсилоти фосилавӣ аз ҷумлаи онҳост. Яке аз донишгоҳҳое, ки аввалин шуда низоми мазкурро ҷорӣ намудааст, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.
Устодони донишгоҳ ин шакли таҳсилро барои шаҳрвандон мувофиқ ва дастрас  меҳисобанд. Зеро дар ин намуди таҳсил донишҷӯ имкон дорад аз хона ва ҳатто берун аз кишвар бо истифода аз интернет  дар донишгоҳ таҳсил  намояд.
Раҳмоналӣ Мирзоев, сардори департаменти таълими донишгоҳ, мегӯяд: «Гузаштан ба шакли фосилавии  таҳсилот тақозои замон аст. Таҳсилоти фосилавӣ ҳоло дар тамоми ҷаҳон васеъ паҳн гардидааст. Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 7 миллион донишҷӯ ба таври фосилавӣ таҳсил мекунад.
Қабл аз пиёда сохтани таҳсилоти фосилавӣ омӯзгорони донишгоҳ онро ҳамаҷониба омӯхта, муайян намуданд, ки  мутахассисоне, ки  дар  низоми таҳсили фосилавӣ  дипломи дараҷаи бакалаврро соҳиб шудаанд, аз  мутахассисони дар шакли ғоибона таҳсил намуда, дониш ва лаёқати беҳтарро соҳибанд. Донишҷӯ, ҳамчунин, имкон дорад дар самте, ки таҳсил  мекунад ҳамзамон кору фаъолият намояд. Яъне, дар низоми фосилавӣ  алоқамандии назария ва амалия  ба роҳ монда мешавад, ки ба гуфтаи омӯзгорон ин дар омодасозии  мутахассисон  муҳим аст. Ба ин хотир, донишгоҳ ба усули анъанавии таҳсили ғоибона  хотима бахшида, таҳсилоти фосилавиро ҷорӣ намуд. Ҳоло аз рӯи 14 ихтисос таҳсилоти фосилавӣ роҳандозӣ шуд.Муҳлати таҳсили донишҷӯёне, ки тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ мехонанд,  4 солро дар бар мегирад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо зарурати татбиқи  таҳсилоти фосилавӣ бо истифода аз технологияи муосирро  дар макотиби  олӣ қайд намуда буданд. Аз ҷумла, зимни баромадашон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи  бинои нави академияи Вазорати корҳои дохилӣ, таъкид намуданд, ки  «Имрӯз вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона  хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад».
Аммо барои амалӣ намудани низоми мазкур базаи моддӣ - техникии донишгоҳ  бояд пурқувват  бошад. Аз ҷониби дигар, гузариш ба ин навъи таҳсил  технологияи нави таълим, донишҳои нав  ва таҷрибаро талаб менамояд
Дар робита ба ин масъла Раҳмоналӣ Мирзоев гуфт: «Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  дорои заминаи хуби техникӣ аст ва ин имкон медиҳад, ки таҳсилоти фосилавӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Ба ин хотир, чанде пеш донишгоҳ  дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири Русия  барои устодони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар семинар - тренинг дар мавзӯи «Татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ тавассути истифодаи технологияҳои инноватсионии муосир» - ро роҳандозӣ намуд. Миёни  донишҷӯёне, ки аз рӯи ин низом таҳсил менамоянд, ҳафтаи ташвиқотӣ  гузаронда, ба онҳо дар бораи  чӣ тарз бо технологияҳои навин кор кардан, ворид шудан ба шабака, гирифтани  логин, рамзи донишҷӯ иттилоъ дода шуд».
Акнун  донишҷӯён имтиҳонҳои якуму дуюм, корҳои мустақилона ва корҳои курсиашонро  ба таври фосилавӣ - онлайнӣ месупоранд. Имтиҳони ҷамъбастӣ  бо ҳузури донишҷӯ сурат мегирад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 1641

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед