logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ ИДМ

11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Молдова Игор Додон, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Сарвазири Қирғизистон Сапар Исаков иштирок карданд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ нахуст дар ҳайати маҳдуд ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии давлатҳои узв баргузор гардида, дар он масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои минбаъда дар риштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар бахшҳои калидии фаъолияти Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз нақшаву ниятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, ки дар соли оянда ба уҳдаи кишвари мо вогузор мегардад, ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод ва нақшаи иҷрои онро таҳия карда, дар татбиқи ҳадафмандонаи он ҳамаҷониба саҳм мегузорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақвияти ҳамкориҳои давлатиро дар соҳаҳои иқтисоду энергетика, саноат, нақлиёту инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират, гуманитарию инноватсионӣ ва ҳифзи муҳити зист аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Иттиҳод барои давраҳои оянда арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин замина татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод барои давраи то соли 2022 ва Аҳднома дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ махсус таъкид карда шуд.
Доир ба тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ - техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ - техникии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд.
Ҳамчунин, ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи узвият дар СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид гардиданд.
Таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро, ҳамзамон, ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷалб карда шуд.
Дар кори ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ доир ба ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод дар масъалаи мубориза бо коррупсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва мутобиқсозии он ба таҳдидҳои муосир, эълон намудани соли 2019 — Соли китоб ва масъалаҳои вобаста ба раёсат дар иттиҳоду  муайян намудани макон ва санаи  баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои он табодули афкор  намуданд.
Вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд ва раёсат дар ИДМ дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 825

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед