сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАЙХ ТАМИМ ИБНИ ҲАМАД ОЛИ СОНӢ
12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғоз Амири Давлати Қатар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ бинобар сабаби даргузашти бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён намуд.
Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат доир ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар табодули афкори судманд анҷом доданд.
Суҳбат дар фазои самимият, дӯстонаву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.2017 №: 214 Мутолиа карданд: 804