logo

фарҳанг

СИНАМО ОЙИНАИ МИЛЛАТ АСТ

Синамо аз ҳунарҳоест, зодаи тамаддуни пешқадам. Аммо бо сабаби пешрафти технологияҳои ҷадид ҳар қавму миллат, ки тамаддуни дар муқоиса начандон қадимӣ дорад, метавонад синамои худро дошта бошад. Дар фарҳанги кишварҳои номутараққӣ синамо вобаста аз ташаббуси фардҳои алоҳида ва ё гурӯҳи ташаббускор зуҳур мекунад. Дар кишварҳои мутараққӣ бошад, ин ҳунар ба ҳайси индустрия фаъолият дорад. Гоҳе чунин ба назар мерасад, ки ин кишварҳои синамоӣ дар мисоли Ҳолливуд ва Болливуд ҷаҳонро зери тасарруфи худ қарор додаанд. Ва, ба ин васила,  идеологияи хешро тарғиб менамоянд. Синамо қувваи бузургу таъсираш хеле амиқ. Баъзан он бидуни иродаи тамошобин ба ҷаҳони ботиниаш ворид шуда, ғолибан ба тариқи пасошуурӣ, ҷаҳонбинӣ, тарзи зист, олами равонӣ, ақида, завқу ҳаваси ӯро тағйир медиҳад. Хуб аст, агар ин таъсир тамоюли некбинӣ, инсондӯстӣ, покиву эътиқод ба арзишҳои волои башариро дошта бошад. Аммо, мусаллам аст, ки ин таъсир на ҳамеша тарзе ҳаст, ки мо интизор дорем. Пас, синамо дар мавриди ташаккули шахсияти инсон дастгоҳест хеле пуриқтидор.
Моҳият ва вазифаҳои синамо дар ҷомеаи кунунӣ дар чист? Агар сухан сари синамои миллӣ раваду ҷомеа онро барномасоз бошад, яъне агар фармоишгари барномаи синамо миллат бошад, онгоҳ он дар худ анвои ҳунарҳои зебои мардуми бумиро дар мисоли образҳои синтетикии синамоӣ рӯи парда тасвир месозад. Аз рӯи филмҳои миллӣ мо чеҳра, андеша, идеал ва муҳити зисти ин ё он мардумро мебинем ва мусиқиву навоҳои дилнишин ва гӯишу шеваи хосси забони онро мешунавем. Дар чунин ҳолат синаморо ойинаи миллат меноманд.
Аммо, ногуфта намонад, ки ин гуна сифату тасмимро синамо худ аз худ пайдо намекунад. Барои ин, синамо бояд даст дар рагу паи ҳастии миллат, андешаву ормонҳои он дошта бошад, ҳамдаму ҳамқадам, дилогоҳи ӯ ҳам бояд бошад. Яъне, бояд аз тамаддуни миллӣ ва ҳам ҷаҳонӣ қиём гирифта бошад. Барои ин, мебояд сатҳи он ҳунарҳое, ки синамо онҳоро дар якҷоягӣ бо дигар анво дар сохтани образи синамоӣ истифода менамояд, низ бояд сатҳи баланди ҳирфаӣ ва тавони маънавӣ дошта бошанд. Онҳо, мутаносибан, пешрафта ва тарзи гӯиши бадеияти воло ва навоваронаи муосирро ҳам бояд дошта бошанд.
Илова бар ин, рушду нумӯи кино аз фарҳанги тамошогар низ вобастагӣ дорад. Филми Муҳсин Махмалбоф “Салом, синамо!”, ки дар заминаи маводи мустанад таҳия шудааст, бе шак нишон дод, ки дар ҷаҳонӣ шудани синамои ҳар қавм хидмати тамошогараш хеле назаррас аст. Ин ба чӣ восита аст? Бо он ки тамошогар мебояд дорои маърифат бошад. На фақат дар соҳаи синамо, балки умуман инсони комил, аз дастовардҳои фарҳанги пешқадами ҷаҳон бохабар буданаш лозим. Ӯ маҳдудшуда дар фарҳанги як кӯча ва як маҳали алоҳида набояд бошад. Тамошобин бояд фармоишгар бошад, нисбат ба ҳама гуна асарҳои бадеӣ ва хоссатан ба синамои миллат...   
Мақоми хонанда, тамошогар ва шунаванда ҳамеша чунин буду ҳаст. Аз ин рӯ, саволе ба миён меояд, ки оё синамои тоҷик ҳамин гуна тамошогари серталабу масъул дорад? Оё ин тамошогар воқеан ҳам дар рушди синамои худ саҳме гирифтааст? Аммо ин саволҳои печида ва сарбастаанд. Чаро? Барои он ки дар ҳоли ҳозир шумораи кофии кинотеатрҳоро надорем, ки дар онҳо завқи эстетикӣ ва ҳаваси тамошогари худро тариқи оморӣ муайян намоем.
Яке аз бахшҳои фаъоли фарҳанги синамо – ин нақд аст. Мутаассифона, нақд ҳам надорем, ки сатҳи синамои моро баррасӣ бикунад...
Медонем, ки дар замони шӯравӣ ва Истиқлолияти давлатӣ  синамои мо дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок карда, бо ҷоизаҳои дараҷаи мухталиф (аз ҷумла шоҳҷоизаҳо) қадр карда шудааст. Ҳамин далел ба мо имкон медиҳад, ки ба саволи он, ки оё синамои мо ба сатҳи ойинаи миллат расидааст ё хайр, рӯшанӣ андозем.    
Агар ба таърихи синамои қариб якасраи кишвар, ки соли 1929 таъсис ёфта, назар андозем, мебинем, ки дар замони шӯравӣ зиёда аз 200 номгӯй филми пурраи достонӣ ва тақрибан ҳамин қадар филмҳои кӯтоҳи достониву мустанад тавлид шудааст. Метавон гуфт, ки синамои тоҷик дар бештари филмҳо ба мисли “Муҳоҷир” (коргардонаш Комил Ёрматов), “Қисмати шоир”, силсилаи филмҳо дар асоси достонҳои “Шоҳнома” - и Фирдавсӣ, “Ҳасани аробакаш” (филмҳои номбаршударо Б. Кимёгаров сохтааст), “Марги судхӯр” (Т. Собиров), “Ман бо духтаре вохӯрдам” (Перелштейн), “Зумрад” (А. Раҳимов бо ҳаммуаллифаш), “Адониси ХIV”, “Тундбод”, “Бухорои Шариф” (Б. Садиқов) , “Лалаик”, “Субҳи нахусти ҷавонӣ”, “Марди роҳ”, “Тавлид” (мустанади пурраметраж), “Устод” (мустанади пурраметража) – ҳама моли Д. Худоназаров, “Братан”, “Қош ба қош”, “Падари маҳтобӣ” (ҳама моли Б. Худойназаров), “Асрори оила” (В. Аҳадов), “Жакон” (филми кӯтоҳи мустанади С. Солеҳ), “Хоби бедорӣ” (филми кӯтоҳи достонии С. Ҳақдодов), “Дарди ишқ” (А. Тӯраев) ва боз чандин филмҳои хотирмонро номбар кардан мумкин аст, ки дар онҳо ҳастии миллат, андешаву ормон ва расму оинҳояш таҷассуми синамоӣ ёфтаанд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, ки ҳанӯз вақти зиёдеро дар муқоиса бо даврони шӯравӣ соҳиб нашудааст, чанд филми чеҳрасозу хотирмон ҳастанд, ки нишони худшиносии миллатро ба зимма гирифта, то андозае муваффақ низ шуданд. Манзур филмҳои “Муҷассамаи ишқ”, “Мушкилкушо” (ҳар ду моли У. Мирзоширинов), “Овора”, “Сафари ҳавоӣ” (филмҳои достонии Гуландом Муҳаббатова ва Далер Раҳматов), “Дигаргуна” (филми мустанади Г. Дзалаев), филмҳои тасвирии Б. Қаҳҳоров, “Ватан ширин” (филми мустанади кӯтоҳи О. Шарифов), “Комил” (филми пурраи мустанади С. Солеҳ), “Арӯсак” (филми мустанади кӯтоҳи Робия Атоева),“Қиёми рӯз” ва “Муаллим” (Н. Саидов) мебошанд.
Вале ин ҳанӯз оғози кор аст ва табиист, ки кинои тоҷик масъалаҳои зиёди ҳалталаб низ думбол дорад. Тавре худи коршиносон таъкид мекунанд, синамои миллӣ дар он сурат рушду нумӯъ мекунад, ки аз масоили дуюмдараҷа, тиҷорати пастсифат, аз андовасозии бардурӯғи ҳастии мо, аз шиоргӯӣ, тамаллуқ, тақлидкорӣ ва амсоли он, ки аслан душмани асари асили бадеиянд, покиза шавад.
Умед бар он мебандем, ки насли нави киносозони мо боз дубора камари ҳиммат мебанданд ва мову синамои миллиро ба сатҳи баланди маънавӣ мерасонанд...
Саъдулло РАҲИМОВ,
доктори илмҳои фалсафа, фарҳангшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.10.2017    №: 215    Мутолиа карданд: 1109

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед