logo

Хабарҳо

Варзиш

Шаҳриёр Даминов медали нуқраи Чемпионати Осиёро ба даст овард
Дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба заврақронӣ идома дорад ва дар он варзишгарон аз 21 кишвари қора бо ҳам зӯр меозмоянд.
Варзишгари ояндадори мо Шаҳриёр Даминов дар масофаи 1000 метр (с - 1) бо натиҷаи 3:57:758 мақоми дувум ва медали нуқраро ба даст овард.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зӯрозмоиҳо дар масофаҳои мухталиф имрӯз ба анҷом мерасанд ва дар онҳо намояндагони дигари кишвар Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов миёни калонсолон ва Зумрад Пирназарова байни ҷавонон ширкат меварзанд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё – 2018 роҳхат гирифт
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев роҳхат ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё – 2018 – ро дарёфт намуд. Чунин муваффақиятро футзалистони кишвар дар мусобиқоти интихобӣ дар минтақаи Ҷанубу Марказии Осиё, ки дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт, ба даст оварданд. Онҳо дар дидор бо дастаи миллии футзали Афғонистон бо натиҷаи 4 : 3 пирӯз гардида, қабл аз анҷоми вохӯриҳо дар гурӯҳи «В» ҳаққи иштирок дар бозиҳои ниҳоиро мушарраф гаштанд.
Қаҳрамони кунунии Осиё тими миллии футзали Эрон дар бозии аввал мунтахаби Афғонистонро бо ҳисоби 8 : 2 шикаст дод ва он низ қатъи назар аз натиҷаи бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон ба гирифтани роҳхат сарфароз гардид.
Аз гурӯҳи «А» ба чунин муваффақият мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ноил гаштанд.
Бозиҳои финалии Чемпионати Осиё – 2018 соли оянда дар Тайбеи Чин баргузор мегарданд.

Дзюдогарони ҷавони кишвар дар Чемпионати ҷаҳон ширкат меварзанд
Бино ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия аз 18 то 22 октябри соли равон Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон баргузор мегардад, ки дар он 634 варзишгар (369 мард, 265 бону) аз 87 кишвари дунё ширкат меварзанд.
Ҷумҳурии моро дар вазнҳои гуногун дзюдогарон Суҳроб Боқиев, Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Хайёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев, Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳоҷимашраб Раҳмонов, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмадов намояндагӣ мекунанд. 
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 262

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед