logo

Хабарҳо

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Зимни як амалиёти муштараки кормандони раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук ва  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошини боркаши тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 12 79 СР 01, ядакаш 399 РС, мансуб ба  ҶДММ «Сармад 2000», боздошт гардид, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 27 номгӯй молу маҳсулот, аз қабили таҷҳизоти техникӣ, либос, чархи ароба, телевизор ва ғайраро ба маблағи 1 миллиону 845 ҳазору 650 сомонӣ бидуни барасмиятдарории гумрукӣ - тариқи қочоқ ба кишвар таҳвил медод. 

ҶДММ «Сармад 2000» ба шаҳрванд Қ. А. мутааллиқ буда,  ӯ бо мақсади ба даст овардани даромади муфт дар дидбонгоҳи гумрукии «Кулма» - и раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ ҳуҷҷатҳои воридотии борро чун нурии минералӣ тартиб дода, аз сарҳади гумрукӣ бо роҳи фиреб - тариқи қочоқ гузарондааст. 
Ҳамчунин, боз як мошини боркаши ҶДММ «Сармад 2000», рақами қайди давлатиаш 90 72 АР 01, ядакаш 397 РС, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин  36 номгӯй молу маҳсулоти ниёзи мардумро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Тоҷикистон карданӣ буд, боздошт шуд. Молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи Қ. А. ва дигарон 1 миллиону 125 ҳазору 97 сомонӣ арзиш дошт.
Бо назардошти он, ки дар аъмоли Қ. А. ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешаванд, нисбат ба ӯ ва шариконаш бо моддаи 289 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Шуъбаи иқтисоди «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 132

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед