logo

Хабарҳо

Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

Дар робита ба Рӯзи соҳибкорон семинари «Тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон» доир гардид.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Нигина Анварӣ оид ба масъалаҳои таъмини рушди иқтисодиёт ва саҳми соҳибкорон дар ин раванд ибрози назар намуда, таъкид кард, ки ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихори миллат, неруи пешбарандаи ҷомеа ва иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ин қишри созандаи ҷомеа дар бунёдкориҳо ва рушди мамлакат эътимоду боварӣ ва таваҷҷуҳи беандоза доранд.
Зикр гашт, ки имрӯзҳо аз шумораи умумии соҳибкорони инфиродӣ зиёда аз 51 ҳазор нафари онҳоро ҷавонон ташкил дода, дар доираи дастгирии онҳо то имрӯз аз тарафи муассисаҳои қарздиҳӣ барои пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ ба ҷавонон зиёда аз 1, 7 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Ба андешаи Нигина Анварӣ, яке аз омилҳои барои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ҷолиб, ин мавҷуд будани теъдоди зарурии мутахассисони ҷавону баландихтисос барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки барои аз худ кардани касбҳои дар бозори меҳнат зарурӣ, инчунин, барои соҳибкори муваффақ шудан, тамоми паҳлуҳои ин касбро омӯхта, дар фаъолияти худ ба пешравиҳои назаррас ноил гарданд.
Дар семинар мавзӯъҳои «Шаклҳои дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо»,  «Шаклҳои ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ», «Дастгирии лоиҳаҳои технологӣ дар мисоли Бизнес - инкубатори Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Русия» ва масъалаҳои дастгирии давлатӣ, тарзи амалисозии он, иштироки доираҳои масъул ва манфиатдори раванди мазкур, ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои вобаста ба ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АМИТ "Ховар"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 151

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед