Хабарҳо
Метеорити 4,5 миллиардсола ба музояда гузошта шуд
Interfax.ru. Дар музоядаи Catawiki пораи метеоритеро мефурӯшанд, ки синнаш 4,5 миллиард солро ташкил медиҳад.
Коршиносони музояда ин пораи ҷисми осмониро бо вазни 26,5 килограмм то 200 ҳазор крон (24,5 ҳазор доллар) фурӯхтанианд. Метеорити мазкур қадимтарин дар дунё маҳсуб мешавад. Номи он аз дарёи Муониои шимоли Шведсия ва Финландия гирифта шудааст, ки метеорит бори нахуст аз он ҷо соли 1910 дарёфт шуда буд. Он ба Замин тақрибан миллион сол пеш афтида бошад ҳам, амалан синни ин ҷирми осмонӣ 4,5 миллиард сол ҳисобида мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 155