logo

Хабарҳо

Хабарҳо аз Хатлон

Афзоиши содирот назар ба воридот
Дар 9 моҳи соли равон вилояти Хатлон бо беш аз 31 мамлакати хориҷии дуру наздик ба маблағи 139 миллиону 630 ҳазор доллари ИМА муомилоти тиҷоратӣ намуд.
Бино ба маълумоти сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, корхонаву коргоҳҳо ва хоҷагиҳои вилоят бо таваҷҷуҳмандон аз Русия, Амрико, Ҷопон, Бразилия, Чин, Швейтсария, Олмон, Италия ва дигар мамлакатҳо равобити тиҷоратӣ доштаанд.
Аз вилоят ба 31 давлати хориҷӣ ба маблағи 70 миллиону 335 ҳазор доллари ИМА 15 номгӯйи молу маҳсулот, назири нахи пахта, семент, пилла, калобаи ресандагӣ, меваю сабзавот, ангишт, намак, шираи камол фурӯхта шуд.
Ба ҳудуди вилоят воридоти 17 номгӯйи маҳсулот, амсоли нуриҳои маъданӣ, бензин, чӯбу тахта, шифер ба маблағи 69 миллиону 295 ҳазор доллари ИМА сурат гирифтааст.
Аз ҳаҷми умумии молҳои фурӯхташуда 52,5 дарсад ба Афғонистон, 22,4 дарсад ба Туркия ва  7 дарсад ба Покистон рост меояд. Воридоти зиёдтари мол асосан аз Чин (30,7%), Афғонистон (24,5%) ва Покистон (7,2%) сурат гирифтааст.
Дар амалиёти савдо афзоиши содирот нисбат ба воридот ба мушоҳида расид.

Соҳибкорӣ рӯ ба рушд
Дар вилояти Хатлон нахустин бор сабқати чорумин озмуни бизнес - лоиҳаҳои беҳтарин зери унвони «Startup Choykhona» доир гардид. 
Баҳром Миров, сармутахассиси шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят, бо таъйиди ин хабар изофа кард, ки мурод аз роҳандозии «Startup Choykhona» бо ҷалби ҷавонон беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва фароҳамоварии ҷойҳои нави кор мебошад. Дилшод Одинаев, мушовири иқтисодии котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва рушди зеҳнии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. “Дастгирии соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Умед дорем, ки дар ин озмун истеъдодҳои нав пайдо мекунем”, - гуфт ӯ.
Ба иттилои Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон дар ҳоли рушд қарор дошта, феълан 30 ҳазору 300 нафар сокини вилоят ба соҳибкории инфиродӣ машғул аст. Бо мақсади дастгирии соҳаи соҳибкории вилоят аз тарафи Муассисаи давлатии фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 59 соҳибкор ба маблағи 59 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст”, - иброз дошт ӯ.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 215

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед