logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ЯКЕ АЗ ПАНҶ КОНСТИТУТСИЯИ БЕҲТАРИНИ ҶАҲОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин санади олии ҳуқуқие мебошад, ки дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз Федератсияи Русия бо роҳи раъйпурсии халқӣ қабул гардидааст. Он дар ҷаҳон ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарин дохил мешавад, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад.
 
Бо мақсади татбиқ ва амалисозии муқаррароти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, бо назардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқӣ, бори аввал 26 сентябри соли 1999 бо роҳи раъйпурсии халқӣ ба Қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба идомаи ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ дар мамлакат ва танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ алоқамандии бевосита доштанд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузоштанд. Аввалин маротиба дар мамлакат низоми комилан нави таъсис, сохтор ва фаъолияти мақоми қонунгузории кишвар пешбинӣ карда шуд. Тартиби интихоботи Парламенти дупалатагӣ мушаххас гардида, мутаносибан дигар меъёрҳои вобаста ба фаъолияти бевоситаи парламент низ такмил дода шуданд. Дар ин замина бори аввал дар таърихи парламентаризми кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон, тавассути тағйиру иловаҳои соли 1999 шохаи дигари ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳокимияти судӣ, боз ҳам мустаҳкам гардид.
Дар тағйиру иловаҳое, 22-юми июни соли 2003, маротибаи дуюм ба Конститутсияи мамлакат ворид шуданд, инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шуд. Дар баробари ин, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол ва синну соли ба вазифаи судягӣ пешниҳод намудан аз 60 ба 65 сол дароз карда шуд, ки ин яке аз принсипҳои конститутсионии таъмини мустақилият ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ буда, барои баланд бардоштани нақшу мавқеи он дар ҷомеа ва ба татбиқи адолати иҷтимоӣ мусоидат намуд.
Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Аз ин рӯ, бори сеюм 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд. 
Зарурати ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд. Дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида, 23 июли соли 2016, ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид шуданд. Тибқи ин тағйиру иловаҳо, бинобар барҳам дода шудани Шӯрои адлия ваколатҳои ин сохтор дар самти таъминоти ташкилии фаъолияти судҳо ва таъминоти моддию техникии онҳо, тартиби интихоб, таъйин, бозхонд ва озод намудани судяҳо, инчунин, таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз - судяҳо, масъалаҳо вобаста ба фаъолияти Маркази таълимии судяҳо, дар як коллегияи тахассусӣ муттаҳид кардани се коллегияи тахассусии мавҷудбуда, таҷдиди сохтори дастгоҳҳои судҳо бо васеъ гардондани ваколати онҳо, нисбат ба судҳои умумӣ ба салоҳияти Суди Олӣ ва нисбат ба судҳои иқтисодӣ бошад, ба салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шуданд.
Инчунин, дар асоси тағйиру иловаҳо моддаи 12 қонуни конститутсионии амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шуд, ки мутобиқи он ба вазифаи судя шаҳрванде таъйин ё интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Ҳамчунин, тибқи ин модда синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият кардан барои занон 58 ва барои мардон 63 пешбинӣ карда шуд, ки мақсад аз тағйироти мазкур муқаррар намудани талаботи якхела доир ба синну соли ба нафақа баромадан нисбат ба кормандони мақомоти давлатӣ ва ба инобат гирифтани вазъи имрӯзаи кишвар ба хотири роҳ кушодан ба ҳуқуқшиносони ҷавоне, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд, мебошад. Ҳамзамон, тибқи тағйироти ба моддаи 18 қонуни конститутсионии амалкунанда  воридгардида, дар сурати шомил гардидан ба шаҳрвандии давлати дигар ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барои аз вазифа озод намудани судя асос мегардад.
Ҳамин тариқ, се маротиба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тағйироти куллӣ дар қонунгузории амалкунанда гардид, ки ин амр ба табиати ҳуқуқии Конститутсия марбут буда, маҳз аз қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он сарчашма мегирад.
Абдуманон ДОДОЗОДА,
сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2017    №: 219    Мутолиа карданд: 1192

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед