logo

фарҳанг

ИҚДОМЕ, КИ ПАЙРАВӢ МЕХОҲАД

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии кишварамон имкон ва шароити мусоидеро фароҳам овард. Аз ҷумла, мо имкон пайдо кардем, ки  арзишҳои миллии фарҳангӣ ва сиёсии худро соҳибӣ кунем, онҳоро эҳёву ҳифз намоем ва барои инкишофашон чораҳо андешем. Дар радифи чунин арзишҳо, пеш аз ҳама, забони миллиро метавон ном бурд, зеро забон омили ҳастии давлат ва бақои миллат аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори пешин бой гардондани захираҳои луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад». Боиси хушнудист, ки ин гуфтаҳои Пешвои миллат аз ҷониби намояндагони забон, хосса мақомоти давлатӣ дастгирӣ меёбанд ва баҳри татбиқи он чорабиниҳои гуногун тарҳрезӣ ва баргузор карда мешаванд. Як мисоли равшани он иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар шарикӣ бо нашрияи «Ҷумҳурият» мебошад.
Се моҳ қабл  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ озмун эълон намуд. Ин иқдоми воқеан наҷиб ва пайгиронае буд, ки аз як тараф, таваҷҷуҳи аҳли қаламро ба масъалаҳои забони миллӣ, вазъи имрӯза ва дурнамои он, мақому манзалати забон дар тамаддуну фарҳанги миллӣ, хидматҳои мондагори қаҳрамонҳои Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Садриддин Айнӣ дар ҳимоя ва таҳкими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва амсоли ин ҷалб намуд, аз сӯйи дигар, тавассути мақолаҳои интишоргардида хонанда аз моҳияти ин масъала ва хидматҳои шахсиятҳои барҷаста ҷиҳати ҳифзу гиромидошти забони миллӣ тавонист хубтар воқиф гардад ва ба ин васила ҳисси худшиносӣ ва миллии худро баланд бардорад.
Афзалият ва бартарияти ин иқдом боз дар он буд, ки ҷамъбасти озмун дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки олимону адибон, публитсистону рӯзноманигорон ва омӯзгорону санъаткорон баргузор гардид. Дар ин ноҳия баргузор гардидани чорабинии мазкур як навъ ҳикмат ҳам дошт, зеро агар, аз як тараф, ноҳия ба номи Айнӣ марбут бошад, аз тарафи дигар, устод Айнӣ ба услуби забон ва шеваи гуфтори мардуми ин маҳал таваҷҷуҳи хос доштанд. Ва имрӯз ҳам сокинони он дар ҳифзи анъанаҳои забони тоҷикӣ, гиромидошти арзишҳо ва тозагии он кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳанд.
 Даъвати меҳмонон, пазироии онҳо, зиёрати маҷмааи шоир Нақибхони Туғрал, гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Садриддин Айнӣ, маҷлиси ботантана дар қасри фарҳанги ноҳия аз ҷумлаи ҷузъиёти  чорабиниҳои ҷамъбасти озмун ва таҷлили Рӯзи забони давлатӣ  буданд, ки то дер дар хотирҳо нақш хоҳад баст. Ба ростӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои таҷлили ин санаи муҳими таърихиву фарҳангӣ омодагии хуб дида буд. Бо як низоми хос барпо гардидани чорабиниҳои ҷашнӣ, муносибату муоширати пур аз лутфу меҳр ва хоксоронаву самимии мутасаддиён, чеҳраи кушодаи мардум, хосса мизбонони хона - музеи Нақибхон Туғрал боиси мутаҳаййирӣ ва болидарӯҳии меҳмонон гардид.
 Умед дорем, ки чунин иқдом бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои дигари таърихиву фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии дигари кишвар дар шаклҳои гуногун пайравӣ ва идома меёбад. Ин усули кор на танҳо иртиботи аҳли зиёро бо ҳаёти иҷтимоии маҳаллоти кишварамон бештар, балки фазои фарҳангӣ ва маънавии онро боз ҳам рангинтар хоҳад гардонид. Алалхусус, дар ин замони ҷаҳонишавӣ ва баҳамоии фарҳангҳои башар ташкили чунин чорабиниҳо барои истеҳкоми фарҳанги бумӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Мурод МУРОДӢ, профессори
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2017    №: 220    Мутолиа карданд: 1217

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед