logo

фарҳанг

АЗ "АГАР" ТО "АММО". ДАР БОРАИ КИТОБХОНАҲОИ АЗ МАДДИ НАЗАРИ МАСЪУЛОН ДУР

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик мақолаи мазкурро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод. Вобаста ба масъалаи мазкур ба иттилои шумо мерасонем, ки дар ноҳия 23 китобхона, аз ҷумла 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона ва 21 китобхонаи оммавӣ фаъолият дорад. Хазинаи умумии китобхонаҳо 79717 нусхаро ташкил медиҳад (аз ин 43544 нусха ба забони тоҷикӣ, 27526 нусха бо забони русӣ ва 8547 нусха бо дигар забонҳо).

Солҳои 2015 – 2016 бо дастгирии мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов дар деҳаҳои Рӯҳафзо ва Булакдашт, дар Ҷамоати деҳоти Танобчӣ дар деҳаи Ситораи Тобон ва дар деҳаи Ҳалқаёри Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус китобхонаҳои нав сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар соли 2016 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои таъмири китобхонаҳо 4800 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Инчунин, аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 2714 нусха, аз ҳисоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон 1300 нусха адабиёти тозанашр ба таври ройгон ба китобхонаҳои ноҳия ворид гардид. Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1100 сомонӣ маблағ ҷудо шуд, ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ адабиёти тозанашр харидорӣ мешавад.
Китобхонаҳои ноҳия бо бино ва таҷҳизоти компютерӣ таъминанд. Биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва дар хонаҳои шахсӣ ҷойгирифта мавҷуд нестанд. Баҳри баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соҳаи китобдорӣ 3 нафар кормандон дар соли 2016 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Айни замон, китобхонаҳои ноҳия ба мавсими зимистонгузаронӣ омода буда, аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик барои бартараф намудани камбудиҳои дар мавод баён гардида аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар оянда баҳри дастгирӣ ва пешрафти фаъолияти китобхонаҳо тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Э. АСЛЗОДА, раиси ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2017    №: 220    Мутолиа карданд: 1191

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед