logo

иҷтимоиёт

САРМОИ МУРҒОБ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Дар ноҳияи   баландкӯҳи  Мурғоб  аз  15  октябр  мавсими  гармидиҳӣ   оғоз  меёбад.  Вале  тавре Абдуназар  Абдуназарзода, муовини  раиси  вилоят, изҳор дошт, то ҳол дар ноҳия  ҳамагӣ ба  андозаи  63 дарсади  нақша  ангишт  ва  73  дарсад  ҳезум  захира  шудааст. Дар  идораву  муассисаҳо ва ҷамоатҳои  деҳоти  ин  минтақаи  баландкӯҳи  кишвар  қариб  500  тонна  ангишт  ва 800  метри  мукааб ҳезум аз нақша камтар  захира  шудааст. Дар  муассисаҳои  таҳсилоти   миёнаи  умумӣ  бошад, ба андозаи 61 дарсад ангишт захира  намудаанд, ки ин боиси ташвиш аст.

Дар  чунин  ҳол  сокинони  ноҳия хонаҳои  худро  бештар  бо  терескен  ном  гиёҳ , ки  асосан  ғизои  ягонаи  қутос  ва  гӯсфанди   Марко  Поло  дар  ин  минтақа  ба  ҳисоб  меравад, гарм  мекунанд. Султон  Пармонов, сокини  ноҳия, мегӯяд, ки ин ҳолат  ба аз байн рафтани терескензорҳо оварда мерасонад. Сол то сол дар ҷои терескензор  даштҳои  сӯхтаи  бегиёҳ  доман  паҳн   мекунанд. Аз байн рафтани терескензорҳо паёмади  хуб  надорад. Зеро ҳам қутос ва  ҳам  гӯсфандони  Марко  Поло, ки  боигарии асосии  ноҳияи Мурғоб  мебошанд, дигар  барои  худ  ғизо  пайдо накарда, ба  мавзеъҳои  дур мераванд. Гӯсфандони Марко  Поло  ҳатто   сарҳади  байни   Тоҷикистон  ва  Хитойро  убур  карда, ба  давлати  ҳамсоя  мераванд. 
Қурбонбой Раҳимҷонов, корманди мақомоти   иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия,  мегӯяд, ки барои  ҳифзи терескен  як  қарори  махсуси  раиси  ноҳия ба  тавсиб  расидааст, ки  тибқи  он  решакан  кардани  терескен  дар  қаламрави  ноҳия  мамнӯъ  эълон  шудааст.
Ҳар сол барои сокинони  ноҳияро   бо  ангишт  пурра  таъмин  намудан маблағҳои  муайян   ҷудо   мешаванд. Ангиштро аз  водии  Алайи  Ҷумҳурии  Қирғизистон   мекашонанд. Ба  ин  мақсад  дар  ноҳия  12  нуқтаи  фурӯши  ангишт  ташкил  шудааст.  Бино ба  иттилои  Исрор  Исроров, муовини аввали раиси  ноҳия, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити  вазнини  зимистони  ноҳия  ва  мавқеи  ҷуғрофии  онро  ба  назар гирифта, барои  ноҳияи  Мурғоб  имтиёзи  махсус  роҳандозӣ   намудааст: ангиште, ки  аз Ҷумҳурии  Қирғизистон  оварда  мешавад, аз  пардохти  ҳамаи  намудҳои  боҷи  давлатӣ  ва  дигар  пардохтҳои сарҳадӣ  озод  мебошад.
Аммо  Қурбоналӣ  Турғунов, сокини  ноҳия  зикр  кард, ки  соҳибкорон  ба  ноҳия  ангишт  меоранд,   вале  нархи   он  барои  сокинони  ноҳия  гаронӣ  мекунад. Дар  маркази  ноҳия  як  тонна  ангишт  то  1000  сомонӣ  ва  аз  он  ҳам  қиматтар  ба  фурӯш  гузошта  мешавад. Хоҷагиҳое, ки  имкони  хариди  ангишт  надоранд, ночор  ба  ҷамъоварии  терескен  мебароянд. Дар  бозори  ноҳия  ҳам  терескен  ба  савдо   гузошта  мешавад.  Як  мошини  боркаши  терескени  хушк  1000  сомонӣ  арзиш  дорад  ва  ба  гуфтаи  сокинони  ноҳия,  он  аз  баъзе  ангиштҳое, ки   тоҷирон  дар  нуқтаҳои  фурӯш  ба  савдо   мегузоранд, хушсӯзтар  аст. Аз  ин  рӯ, одамон  ҳоло  ҳам  терескен  ҷамъоварӣ  мекунанд.
Шодихон  Ҷамшед, раиси  вилоят,  дар ҷаласаи  ситоди  вилоятии  зимистонгузаронӣ   таъкид  кард, ки  ноҳияи  Мурғоб  нуқтаи  хунуктарини  вилоят  аст  ва  мебоист аз  ҳама  пеш  бо  маводи  сӯзишворӣ, аз  қабили  ангишту  ҳезум  таъмин  мегардид.  Вале   хунукназарии  роҳбарияти  ноҳия ва   идораву  муассисаҳои  масъули  вилоят  боис  гардидааст, ки дар  ин  минтақа  зимистон фаро расида  бошад  ҳам, то ҳол идораву  муассисаҳои  ноҳиявию ҷамоатҳои  деҳот ва аҳолӣ бо  маводи  сӯхт  пурра таъмин нагардидаанд. Дар  чунин  ҳолат чӣ  тавр  фаъолияти  пурсамари  идораву  муассисаҳо  таъмин  мегардад? Ҷавоби  ин  савол  ба  ҳама  фаҳмост. Тасаввур  кунед, дар  синфхонаи деҳаи Рангкӯл  ё  Тохтамиш, ки  хунукии ин  мавзеъҳо аз 40  дараҷа  ҳам  мегузарад, чӣ  хел кӯдакон  беалов мехонанд? 
Бо мақсади омӯзиши амиқи вазъи ҷараёни  зимистонгузаронӣ  дар  ноҳияи  Мурғоб  раиси вилоят  супориш  дод, ки ба ин минтақа гурӯҳи кории  махсус  дар  ҳайати  кормандони  сарраёсати  молия, раёсатҳои маорифу тандурустӣ, шуъбаи фарҳанги  вилоят  ва  намояндаи  дастгоҳи  раиси  вилоят  сафарбар  карда  шавад. 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 1096

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед