logo

фарҳанг

РУШДИ КИНО – ТАҲКИМГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати  донишмандон, коршиносон, масъулини созмонҳои синамои кишвар  дар мавзӯи “Рушди кинои тоҷик – таҳкимгари фарҳанги миллӣ” суҳбати гирди миз баргузор гардид. Ташаббускори ин чорабинӣ шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.
Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода ҳусни оғоз бахшид. Ӯ дар бораи роҳи тайкардаи синамо дар кишвар ҳарф зад ва гуфт, ки дар рушди кинои тоҷик коргардонҳои шинохтае чун К.Ёрматов, Б.Кимиёгаров, Т.Собиров, М.Орипов, баъдтар М.Юсуфова, П.Аҳмадов, С.Ҳақдодов, Г.Мирзоева, Т.Ҳомидов, С.Раҳимзод, Б. Худойназаров саҳми арзанда доранд.
Абдусалом Мирализода  дар бораи коргоҳи филм- офарии давлатии “Тоҷикфилм” ибрози назар намуд ва гуфт: “Филмҳое, ки аз ҷониби «Тоҷикфилм» таҳия гардидааст, мавриди  таваҷҷуҳи хоссу  омма  қарор  доранд. Воқеан  ҳам, дар ин филмҳо таъриху  тамаддун  ва анъанаҳои  қадимаи  миллати тоҷик  ва зебоиҳои нотакрори табиати кишвар бисёр моҳирона наворбардорӣ гашта, дар Тоҷикистон ва берун аз он соҳиби баҳои баланд гардидаанд. Филмҳои «Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), «Коваи оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Сӯҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (солҳои 1977 - 1978) далели ин гуфта буда, дар ҳама давру замон тамошобини худро доранд.
Ширкаткунандагон ҳамчунин маърӯзаи Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, дар мавзӯи “Иттифоқи синамогарон - дастовардҳо ва дурнамо”, баромади киношиноси тоҷик, профессор Саъдулло Раҳимов дар мавзӯи “Вазъи кунунии синамои тоҷик”, Хайриддин Зайниддинов муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино”, маърӯзаи сармуҳаррири Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” Фирӯз Аминовро шуниданд.
Дар рафти чорабинӣ, намоиши филми мустанад дар мавзӯи “Кино дар даврони истиқлолият” намоиш дода шуд.
Дар поёни чорабинӣ Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” 50 адад филмҳои истеҳсоли ватаниро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки дар якҷоягӣ бо шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон маҳфили “Киношиносон” таъсис шавад.
Б. ШАФЕЪ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 1315

16.12.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Луиҷи Ди Майо

Ҳавзаҳои интихоботӣ муқаррар шуданд

БОКС. Ду медали бонувони тоҷик

ЁВОН. Фермаи азими чорво бунёд мегардад

БАТР ба Тоҷикистон дар безарарсозии партовгоҳҳои радиоактивӣ ёрӣ мерасонад

ИМА аз Афғонистон беш аз нисфи низомиёнашро мебарорад

Дар Қазоқистон 14 ҷангии гурӯҳи "Давлати исломӣ" - ро зиндон карданд

Дар Ӯзбекистон таҳсил панҷрӯза мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед