logo

фарҳанг

МАҚБАРАИ МУҲАММАД БАШОРО. БАРДОШТ АЗ НАХУСТИН САФАРСАЁҲАТИ "ҶУМҲУРИЯТ" БА ПАНҶАКЕНТИ БОСТОНӢ

Сайру саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ агар аз як ҷиҳат ба кас рӯҳи тоза бахшад, аз дигар тараф ҳисси ватандориро дар қалбаш бештар месозад. Чанде пеш мо бо ҳамкорон аз чандин мавзеъҳои таърихии шаҳри Панҷакент дидан намудем, аммо ман мехоҳам таассуроти хешро аз нуқтаҳои таърихии деҳаи Мазори Шариф баён намоям. Ин оромгоҳ таърихи санъат ва ҳунари 1000 - солаи халқу миллати моро дар худ маҳфуз доштааст. Роҳбалад Шамсулло Раҷабов моро дар назди мақбараи Муҳаммад Башоро истиқбол гирифта, аз таърихи бунёди он муфассал қисса намуд.
Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро бо сохти меъмории худ диққати сайёҳонро ҷалб кардааст. Зеро ин гуна мақбараҳо дар Осиёи Марказӣ хеле нодир буда, зиёраткунандагони бисёр доранд. Оромгоҳи Муҳаммад Башоро дар қисмати шарқии рустои Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент  воқеъ аст. Деҳа низ номи худро аз мақбараи Хоҷа Муҳаммад гирифтааст. Ба гуфтаи Шамсулло Раҷабов Муҳаммад Башоро яке аз бузургтарин муҳаддисон ва муфассирони каломи Илоҳӣ мебошад. Замони зиндагии эшон ба солҳои 782 – 866 рост меояд. Бино дар ду давра сохта шудааст: асрҳои 9 – 12 қисми мураббаъшакли бино бо хонаҳои кунҷӣ, солҳои  1342 – 1343 даромадгоҳи калони пештоқдор бо сафоли ранга. Ороиши асосии тарафҳои чап ва рости даромадгоҳи пештоқро кошинкории гилнок дар шакли серқирае, ки он ба тарзи кандакории ҳандасӣ бофта шудааст, зебу зинат медиҳад. Рӯйи он бо нигораҳо  (шакли рустанидошта ва ҳуруфоти арабӣ) пӯшида шудааст.
Ду тарафи кунҷҳои калони пештоқдорро  сутунҳои аз лой сохташуда оро медиҳанд, ки онҳо бо усули махсус хаттотӣ шудаанд.  Яке аз қисмҳои диққатҷалбкунандаи даромадгоҳ ороиш бо ҳуруфоти арабӣ аз тарафи рост сар шуда ва ба тарафи чап поёнёбанда мебошад. Дар охири навиштаҷот санаи сохтмон, яъне соли 741 – и ҳиҷрӣ (солҳои 1342 - 1343) бо шумораи абҷад чунин сабт гардида:
Ҳар ки моро кунад ба некӣ ёд,
Номаш андар ҷаҳон ба некӣ бод!
- Аз нақшу нигораҳояш маълум мешавад, ки мақбараро  дар он солҳо мардуми маҳаллӣ сохтаанд. Ҳарчанд ин оромгоҳ таърихи ҳазорсола дошта бошад ҳам, то ҳол азнавсозӣ нашудааст ва ҳама зебоиҳое, ки мебинед, аслӣ ҳастанд. Ба хотири он, ки мақбара тарзу намуди аслии худро  гум накунад, онро бомпӯш намуда истодаем, - гуфт Шамсулло Раҷабов.
Бино ба маълумоти муаррихон, мақбараи мазкур баъди мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро қадимтарин ёдгорӣ дар минтақа буда, дар дохили худ на танҳо оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад, балки пештоқи пурнақшу нигор, сангҳои дорои катиба, хона ва ҳуҷраҳои дарунбадарун, чиллахона ва қабрҳои шахсиятҳои маъруфи он замонро дар худ ғунҷондааст. Бинои мазкур ба ҷуз аз аҳамияти фарҳангӣ доштан, инчунин, санъати меъмории гузаштагони моро аз бисёр ҷиҳат рӯшан мекунад ва бозгӯи рушди ҳунарҳои меъморӣ, гилкорӣ, катибанависӣ ва хушнависӣ мебошад.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 1536

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед