сиёсат
КОНСТИТУТСИЯ ИФОДАГАРИ АРЗИШҲОИ ДЕМОКРАТӢ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, тавассути он асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкили мақомоти давлатӣ муайян мегардад. Меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мустақиман амал менамоянд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ зарурати тағйир додани заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти мамлакат ба миён омад, ки бе қабули Конститутсияи нав дигаргун сохтани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ғайриимкон буд. Бинобар ин, дар ҷараёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои пазируфташудаи ҳуқуқ муайян гардиданд. Ин иҷлосияи таърихӣ дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд. Ҳамин тариқ, дар иҷлосия аз як тараф фароҳам овардани шароит барои асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, аз тарафи дигар риояи принсипҳо ва талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ чун ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон шуданд.
Моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав ташкил намуд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ олимон, кормандони амалӣ ва коршиносон шомил шуданд. Дар давоми шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия омода гардид. Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияеро, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, маъқул донист ва он ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ 94,4 дарсади шаҳрвандон иштирок намуда, ба ҷонибдории қабули Конститутсия 87,59 дарсад раъй доданд.
Дар давоми бисту се соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Дар раъйпурсии охир, 22 майи соли 2016, ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй дод, ки 94,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Хусусиятҳои асосии фарқкунандаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои қаблан қабулшуда бо хулосаҳои зерин асоснок карда мешаванд: конститутсияи амалкунанда бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ва дар давлати соҳибистиқлол қабул гардидааст; дар Қонуни асосии кишвар бори нахуст дар бораи институтҳои ҳуқуқӣ, аз қабили вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимият, моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди соҳибкорӣ сухан меравад; дар Конститутсия тағйиру иловаҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул мегарданд; санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қисми таркиби низоми ҳуқуқии кишвар дониста мешаванд.
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди суди шаҳри Душанбе,
аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2017 №: 221 Мутолиа карданд: 1121