logo

сиёсат

ТАКЕХИКО НАКАО: "ИҚДОМҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХИРАДМАНДОНА ВА БАШАРДӮСТОНААНД"

Президенти Бонки осиёии рушд Такехико Накао аз 25 - ум то 27 - уми октябри соли равон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 16 - уми Конфронси вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Дар доираи он ӯ, инчунин,  аз кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии Норак дидан намуда, иброз дошт, ки аз сафар ба  Тоҷикистон, алалхусус ба ин минтақаҳои зебо, бисёр хушҳол аст, чунки кӯҳҳои осмонбӯсу табиати дилфиреби кишвари биҳиштосои тоҷикон дили ҳар бинандаро тасхир мекунанд. Сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд ва дар ҳолати истифодаи оқилонаву самараноки онҳо ҳамаи кишварҳои минтақа манфиати зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ хоҳанд бардошт. Зеро чуноне ҳамагон медонанд, ҳамасола дар Тоҷикистон 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад, ки ин тақрибан 60 дарсади ҳаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, Такехико Накао ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон баҳои баланд дода, иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" барои солҳои 2018 - 2028 муҳим ва башардӯстона арзёбӣ кард. Ӯ аз ҷумла зикр сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сайёра пешсаф буда, бо иқдому ташаббусҳои бузурги башардӯстона дар масъалаи об ва дигар масоили умдаи байналмилалӣ дар минтақа ва ҷаҳон шахсияти маъруфу шинохта мебошад. Талошҳои пайвастаи Сарвари тоҷикон ба  беҳтар сохтани вазъи зиндагонии сокинони Тоҷикистон ва, умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронда шуда, ҳамаи ин далели  сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бино ба таъкиди Такехико Накао ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд сол ба сол тақвияту густариш меёбанд ва ин муносибот аллакай самара додааст. Ӯ изҳори умед кард, ки Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолияти давлатиаш мақоми худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 792

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед