logo

иҷтимоиёт

ШУКРИ НЕЪМАТ НЕЪМАТАТ АФЗУН КУНАД...

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инак, 10 - умин сол шуд, ки дар диёри азизи мо дар амал аст. Дар ҷаҳон қонунҳо зиёданд, ки аксари онҳо одатан такрори якдигар ва ё ҳаммазмунанд, аммо қонуни мазкур аз дигар қонунҳо на танҳо аз лиҳози моҳият, балки аз назари матн ва мазмун фарқ мекунад.
Он бо маслиҳату машварат ва риояи урфу одат, дину мазҳаб ба ҳадафи ба танзим ва тартиби қоидаи муайян даровардани тамоми маъракаву маросимҳо, анъанаҳои халқу миллат қабул шудааст. Ба шарофати ин қонуни миллӣ исрофкориҳо дар маърака ва ҷашну маросимҳо аз байн рафт. Дар оятҳои 26, 27 - уми сураи «Исро» Рабби оламиён сарфкунандагон ва ононе, ки неъматҳои ӯро дар ғайри маврид сарфу харҷ мекунанд, ҳушдор дода мегӯяд: «Беҳуда сарф накунед, албатта, сарфкунандагон бародарони шайтонҳоянд».
Ин ваъиди Илоҳӣ хеле сахт аст. Мо бояд дар ҳама кор, аз ҷумла дар тӯю маъракаҳо, исрофкорӣ накунем.
Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Агар шумо бар неъматҳои ман шукр кунед, ман неъматҳои додагиамро боз ҳам афзунтар карда медиҳам ва агар куфрони неъматҳои ман кунед, азоби ман сахт аст». Бузургон дар зимни  тафсири он фармудаанд:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Бо тасвиби қонуни мазкур Сарвари давлат ҳам аз назари ислом ва ҳам аз назари манфиати раият амал карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари кишвар ба ҷузъиёти зиндагии мардум эътибори ҷиддӣ дода, ин ҷо низ масъулияти беҳбудии рӯзгори мардумро бар дӯш гирифтанд.
Пешвои миллат пайваста аз боби сарфаю сариштакорӣ, ба исроф роҳ надодан, накукорӣ намудан, хайр, эҳсон ба оилаҳои ниёзманд, хонаҳои бачагон, беморону барҷомондагон бахшидан сухан мегӯянд. Ҷиҳати иҷрои ин дастуру ҳидоятҳо моро зарур аст, ки ҳамеша кӯшиш намоем, ба исрофкорию харҷи беҳуда роҳ надиҳем.
Мутафаккири бузург Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз дар замони худ  фармуда буд: «Пас, агарчи неъмат бисёр бувад, исроф макун ва ба қадри ҳоҷат кифоят кун ва дар вақти неъмат аз ҳоли меҳнатзадагон биандеш ва дар фарохӣ муҳтоҷонро дастгирӣ кун, ки албатта, муҷозот ва мукофот хоҳад бувад».
Аз ин лиҳоз, ба қадри ин қонуни миллӣ расида, бояд аз рӯи он амал намоем. Он дастоварди бузурги Истиқлолияти давлатӣ аст.
Наҷмиддин БОБОҶОНОВ,
имом - хатиби масҷиди ҷомеи
 шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2017    №: 224    Мутолиа карданд: 1162

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед