logo

фарҳанг

ОЗМУН ТАКОНДИҲАНДАИ НЕРУИ ЭҶОДИСТ

Озмун, хусусан  озмуни эҷодӣ,  дар таърихи адабиётамон собиқаи тӯлонӣ дорад. Дар дарбори аксари шоҳони гузашта маҳфилҳои шоирону адибон ва олимону ҳунармандон вуҷуд дошт, ки дар онҳо ҳар яке аз иштирокчиён бо шеъреву суруде ё латифаеву гузорише ҳунари худро муаррифӣ мекард. Дар тазкираҳову асарҳои ёддоштӣ аз чунин озмуну сабқатҳо зиёд ёдоварӣ ба амал омадааст.

Чунин озмунҳо ё сабқатҳои эҷодӣ ҷиҳати ҳавасманд гардондан, афзоиши сафи иштирокчиён ва ҳар чи беҳтар гардидани сифати эҷодиёти онҳо кумак менамуд. Озмунҳову сабқатҳо метавонанд эҷодиву варзишӣ, ҳунариву санъатӣ ва ғайра бошанд. Қобили зикр аст, ки ин анъанаи неки ниёкон дар даврони соҳибистилолии кишварамон дар бахшҳои гуногун эҳё гардидаву ҷараён гирифтааст.
Эълони озмуни «Ҷумҳурият» ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ ва бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияти Рашт ва озмун ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хеле саривақтӣ, пурмоҳият ва арзишманд буданд. Озмунҳои мазкур бо эълони пешакӣ ва қоидаҳои мушаххас баргузор гардида, эҳсоси эҷодӣ ва неруи ибтикории бисёр адибону олимон, рӯзноманигорон ва соҳибқаламони дигарро такон дод, ки дар натиҷа як силсила мақолаҳои ҷолибу хонданӣ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба дасти нашр расиданд. Роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти Қаҳрамонҳои Тоҷикистон устод Айнӣ ва Нусратулло Махсум, инчунин, дар бораи моҳияти Ваҳдати миллӣ ва забони давлатӣ бисёр фикру андешаҳои нави ҷолиб манзури назар гардид.
Тарафи дигари ҷолиби ин озмунҳо он буд, ки ҷамъбаст, эълон ва супурдани мукофотҳо дар ноҳияҳои Рашту Айнӣ  сурат гирифта, шаҳомати ин озмунҳоро бештар гардонид. Инҷониб, ки ҳамчун барандагони яке аз ҷойҳои озмун дар ноҳияи Айнӣ иштирок доштам, ин маросимро ҳамчун як ҷашни воқеии забон ва бузургдошти ҳақиқии  устод Айнӣ дарёфтам. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Айнӣ ин рӯйдодро ҳамчун ҷашни  ҳақиқӣ ҷараён бахшид. Албатта, гап дар сари ишғоли ҷой ва гирифтани ҷоиза нест.  Муҳим он аст, ки ба он ҳар чи бештар неруҳои эҷодӣ сафарбар карда шаванд, ба хонандагон маводи ҳар чи бештар ҷолиб пешниҳод карда шавад. Ин иқдоми наҷиби роҳбарияти рӯзномаи «Ҷумҳурият» қобили таҳсин ва дастгирист. Умедворем, ки чунин иқдоми нек дар оянда низ идома ёфта, озмунҳо нисбати бузургдошти шахсиятҳои дигари маъруф ва рӯйдодҳои муҳими халқу кишварамон амалӣ хоҳанд гардид.
Муҳтарам ҲОТАМ, адиб ва муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 1164

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед