logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ РАЁСАТИ КОФТУКОВИ ҶИНОЯТӢ

Субҳи 6 ноябр дар доираи таҷлили 23 - юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе бинои нави раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бинои нави раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз панҷ ошёна иборат аст, дорои 60 ҳуҷраи корӣ буда, дар ин ҷо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи кормандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида, он аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ дар асоси лоиҳаи тарҳрезишуда бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд ва ҳамзамон тамоми ҳуҷраҳои кории раёсат бо мебел, технологияи муосир ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Бинои нав дорои як толори маҷлис бо фарогирии 150 ҷойи нишаст, хобгоҳ (казарма) барои 30 нафар афсар, толори варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ буда, ҷиҳати пешбурди кор дигар иншооти ёрирасон низ бунёд карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти замонавиро, ки дар рӯзи 23 - юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, барои кормандони раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзондани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин, бо бунёди иншооти замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст.
Бунёди бинои нави раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату Ҳукумат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар мамлакат равона гардидааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2017    №: 227    Мутолиа карданд: 592

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед