logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ. ИФОДАИ ҲУҚУҚИИ ОРМОНҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократӣ шиносномаи давлат ва шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввалини Истиқлолияти давлатии хеш, бо вуҷуди нооромиҳои сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди музокирот, баҳри расидан ба ваҳдати миллӣ бо ирода, иқдом ва саҳмгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷиҳати ташаккули низоми қонунгузории пешрафта маҷмӯи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Далели намоёни ин гуфтаҳо қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки инъикосгари эҳтироми миллати сарбаланди тоҷик ба қонун ва майли танзими муносибатҳои гуногунҷанбаи ҷамъиятӣ тавассути механизмҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Қабули Конститутсия дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои мустаҳкам гардидани пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ ва эҳёи ваҳдати миллӣ асос гузошт. Шаҳрвандони мамлакат ин санади олии ҳуқуқиро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат ном бурда, ба ҳар ҳарфу ҳиҷои он эҳтиром меварзанд.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо таъкиди нақши бузургу таърихии Конститутсия эҳтиром ва риояи меъёру муқаррароти онро зарур шумурда, аз ҷумла дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».
Барҳақ, ин санади олӣ роҳи пешрафти минбаъдаи ҷумҳурии соҳибистиқлол  ва ҳадафҳои рушди миллиро муайян  намуда, Тоҷикистон тавассути ин бахтнома узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ гардид ва сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар ба роҳ монд. Тибқи Конститутсия ҷавҳари сиёсати берунаи моро тадбиқи сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ташкил медиҳад.
Ин ҳуҷҷати ҳуқуқии тақдирсоз принсипҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистонро эълон намудааст.
Бо вуҷуди он ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти печидаи низоъи мусаллаҳонаи дохилӣ таҳия ва қабул шуд, аз ҷониби доираҳои ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ мазмун ва муқаррароти он сазовори баҳои баланд гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки ба Конститутсия ҷиҳати  мукаммал намудани низоми давлатдорӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки ба рушди минбаъдаи конститутсионии мамлакат ва тақвияти ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрванд равона шудаанд.
Прокуратура дар Конститутсия ҷойгоҳи хос дошта, дар чунин сатҳи олӣ муқаррар шудани мақоми он имкон медиҳад, ки иҷрои уҳдадориҳои доир ба назорати иҷрои якхела ва дақиқи қонунҳо бо муваффақият амалӣ карда шавад.  Дар маҷмӯъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии давлат  рушди низоми қонунгузорӣ,  волоияти қонун ва  тантанаи адолати иҷтимоиро таъмин менамояд.
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД,
Прокурори генералии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2017    №: 227    Мутолиа карданд: 805

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед