logo

Хабарҳо

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон – Остона бо иштироки муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид – директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов, намояндагони Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва созмонҳои байналмилалӣ вохӯрии ҷамъбастии тарафҳои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ доир ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар баргузор гардид.
Ҳайати Тоҷикистонро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода роҳбарӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ масоили тамоюлҳои нав ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психоактивии нав, мубориза бар зидди маблағгузории терроризм ва пойдории Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ) дар минтақа баррасӣ гардид.
Шерхон Салимзода аҳамияти лоиҳаи “Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ” (ММҲИОМ)-ро дар самти муқовимат ба паҳншавии маводи нашъаовар таъкид намуда, иброз дошт, ки ММҲИОМ дар тақвияти назорат аз болои истеҳсол, истеъмол ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ саҳми арзанда мегузорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 314

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед