logo

сиёсат

РАҲОВАРДИ ТАЪРИХ Ё АНҶУМАНЕ, КИ НИҲОЛИ ДУШМАНӢ БАРКАНД

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Ин мисраъҳои Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, воқеан, дар худ асрори баланди озодандешӣ ва истиқлолпарастиро ҷой додаанд, ки дар ҳар давру замон ба ҳар миллате, ки дар талоши соҳибдавлатӣ ва мустақилияти худ ҳаст, раҳнамои хуби маънавие мебошанд. Миллати тоҷик низ пас аз ҳазор сол 9 сентябри соли 1991, баъд аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун миллати соҳибдавлат дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шуд ва акнун мебоист барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва пойбарҷой мондани истиқлолияти бадастоварда зери парчами ваҳдату ягонагӣ талош варзад. Вале душманони дохиливу хориҷӣ ба мо чунин фурсат надоданд ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол бо чашми рашку ҳасад ва дили пур аз буғзу кина нигаристанд. Ҳамин буд, ки бо найрангу дасиса ва бозиҳои пасипардагиашон миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Дар нуқоти гуногуни мамлакат гурӯҳҳои ҷиноятӣ даст ба қатлу ғорат ва озори мардуми бегуноҳ зада, ба ҳамин васила манфиатҳои ғаразноки худро дар амал пиёда менамуданд.
Дар чунин шароити ҳассос касе ҷуръати ба даст гирифтани зимоми роҳбарӣ ва ба эътидол овардани вазъияти баамаломадаро намекард, зеро ин кор ҷасорат, шуҷоат ва зиракии сиёсиро талаб менамуд. Мардуми сарсону саргардону гуреза интизори шахсияте буданд, ки тавонад оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намояд ва онҳоро ба манзили доимии зисташон баргардонад.
Ҳамин буд, ки дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан тақдирсоз буд, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Ин фарзанди фарзонаи миллат аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадан роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро интихоб намуда, инкишофи минбаъдаи Тоҷикистонро танҳо бо ҳамин роҳ тасаввур мекарданд.
Ба шарофати ҷаҳду талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва дастгирии халқи шарафманди тоҷик дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба мо муяссар гардид, ки кишвари азизамонро аз буҳрони сиёсии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва доми найранги таҳмилгарони аҷнабӣ берун бароварда, барои ободию шукуфоии он саъю талош намоем. Дар ин муддат мо тавонистем ниҳоли душмание, ки бадхоҳони миллат дар замини муқаддаси кишвари мо ва замири мардуми меҳнатқаринамон шинонда буданд, аз беху бунаш барканем ва ниҳоли сулҳу дӯстӣ, ваҳдату якпорчагӣ дар замири ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бишнонем. Ва имрӯз он ниҳоле, ки дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонда шуда буд, дар сояи нигаҳбонии фарзандони шоистаи ин сарзамини пок, ба дарахте тануманд табдил ёфтааст.
Амонулло МИРЗОЕВ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2017    №: 230    Мутолиа карданд: 734

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед