logo

иҷтимоиёт

ҲИММАТИ ЯК МОДАР

Мирдадо Зариф,  раиси ноҳияи Ашт, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳрвандонро қабул дошт. Навбати муроҷиат ба зани пиронсоле расид. Муроҷиати ӯ аз дигарон куллан фарқ дошт. «Раис, ман мехоҳам маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои ободу зебо гардондани бинои навбунёди Маркази таҳсилоти иловагӣ, ки сохтмонаш идома дорад, тақдим намоям», - гуфт ӯ. Толорро хомӯшӣ фаро гирифт, ҳама назари хешро ба зан дӯхтанд.
Шарофат Мамадҷонова тавзеҳ дод, ки тақдими пули барои зиёрати хонаи Худо ҷамъкардааш ба Маркази таҳсилоти иловагӣ беваҷҳ намебошад.
- Худ солҳои зиёд дар Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият намуда, ба фарзандони мардум таълим додаам. Дар 55 - солагӣ аз ин даргоҳи бароям азиз ба нафақа баромадам. Акнун ки бинои таълимии он аз нав ва ба таври замонавӣ бунёд меёбаду ободу зебо шавад, мехоҳам он боз ҳам дар тарбияи фарзандони мардум хизмати бештару хубтар намояд», - гуфт ӯ.
Айни ҳол дар хонааш бо фарзанди хурдиаш Муродҷон ва аҳли оилаи ӯ зиндагӣ мекунад. Фарзанди Шарофат – апа 33 ҳазор сомонӣ маблағи барои сафари ҳаҷи модараш ҷамъшударо чанд рӯз қабл ба  хазинаи МТИ - и ноҳия гузаронд.
Шарофат Мамадҷонова сокини 77 - солаи шаҳраки Шайдон буда, соҳиби нуҳ фарзанд мебошад. Шавҳараш Аҳмадҷон Мамадҷонов дар 48 - солагӣ вафот кардаву тарбия ва ба воя расондани фарзандон ба дӯши модар монд. Аз ин ҷост, ки Ш. Мамадҷонова дар тарбияи насли наврас чӣ гуна нақши бориз доштани чунин муассисаҳоро хуб медонад. Ӯ бо ин амали хайраш аз худ номи нек боқӣ гузоштан мехоҳад. Умед дорад, ки ин амал барои дигарон низ намунаи ибрат мегардад.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 942

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед