logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳабибулло Назаров аз шахсиятҳои маъруфи кишвар маҳсуб мешавад, ки номаш бо хидматҳои арзандааш дар саҳифаҳои таърихи миллат сабт гардидааст. Ӯ соли 1907 дар деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, дар оилаи деҳқони камбағал чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд. Дар курси маҳви бесаводӣ таҳсил мекунад. Солҳои 1927 – 1929 раиси Иттиҳодияи камбағалон ва котиби шӯрои деҳот буд. Курси дусолаи ҳуқуқшиносии Душанбе, Академияи умумииттифоқии ҳуқуқ ва Университети ҳуқуқшиносии Москваро хатм мекунад. Ҳамчун судяи халқӣ, узви Суди Олии Тоҷикистон, муовини вазири адлия, вазири адлия ва раиси Суди Олии ҷумҳурӣ фаъолияти чашмрас дошт.
Фаъолияти адабияш аз эҷоди шеър оғоз мегардад. Дар ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта, махсусан бо шеърҳои ҳаҷвияш дар дили ҳаводорони каломи бадеъ ҷой мегирад. Маҷмӯаҳои шеърияш бо номҳои «Барои сулҳ», «Қалами озод», «Саодати абадӣ» ба табъ мерасанд. Таҳқиқоташ дар бораи шоири халқӣ – Карим – Девона» саривақтӣ ва ба нафъи илму адабиёти миллӣ буд. Хонандагон аз асари ӯ  «Дар ҷустуҷӯи Карим – Девона» ба шоири ҳақиқатҷӯву ҳақиқатгӯ ва ҷасур ошноӣ пайдо карданд. Ин китоб ба 28 забони хориҷӣ дар он рӯзгор тарҷума ва нашр гардидааст.
Карим – Девона дар миёни мардум, ҳамчунин, бо шеърҳои равону оташбор ва танқидҳои шадидаш аз маҳбубияти хос баҳравар шуд. Баъдҳо ин адибу муҳаққиқ повестҳои «Юлдошкомандир», «Ало ва Тарғел», «Мирзо Ризо», «Саргузашти Сафар - Махсум» (бо ҳамроҳии Ҷалол Икромӣ), романи «Баландии 114»-ро таълиф ва чоп намуд.
Ҳамчунин, Ҳабибулло Назаров муаллифи сенарияи филмҳои «Ҳабиб - ромкунандаи морҳо» (бо ҳамроҳии Г. Максименко), «Муҳосираи Душанбе» (бо ҳамроҳии Р. Булгаков) ва пйесаи «Мирзо Ризо» мебошад.
Аз соли 1958 узви Иттифоқи нависандагон буд. Вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ду ордени «Нишони фахрӣ», ордени «Дӯстии халқҳо», медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қадр гардидааст.
Хайруллоҳи РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 856

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед