logo

иқтисод

ЗИМИСТОН. ДАР БОБИ ОМОДАГИҲО БА ФАСЛИ САРМО

Омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар идораю  корхонаҳои зертобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» идома дорад.
Бино ба иттилои Нуралӣ Марҳабо,  муовини директори генералии корхона, аз тарафи корхонаҳои тобеъ  ба миқдори 39, 7 тонна маводи сӯзишвории моеъ, 214, 8 тонна ангишт, 357, 0 м3  ҳезум, маводи зидди лағжиш, аз ҷумла 1613, 0 тонна қум, 252,9 тонна намак, барои безараргардонии оби нӯшиданӣ 28, 82 тонна хокаи хлор захира шудааст.
Масъалаи мубрам дар фасли сармо таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ мебошад. Бо мақсади таъмини мунтазам бо оби тозаи нӯшокӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аз тарафи корхонаҳои системаи обтаъминкунии тобеи корхона  ба миқдори 156,8 км қубурҳои обтаъминкунии қутрашон гуногун таъмиру барқарор ва бо мақсади сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани ҳаҷми талафоти об то имрӯз 53825 ҳисобкунаки оби нӯшокии қутрашон гуногун васл карда шудааст. Ҳамчунин, таъмири ҷории 157 насоси обкаш, 49 трансформаторро ба анҷом расонда, 104,0  км хатҳои канализатсия ва чоҳҳоро тоза ва таъмир намуданд.
Яке аз мушкили ҳалталаби соҳа ин ҳолати техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ ба шумор меравад, ки аксари онҳо корношоям буда, ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Қисми асосии техника дар натиҷаи муҳлати дуюм ва сеюми  истифодабарӣ куҳнаю фарсуда гаштаанд. Мутаносибан хароҷоти нигоҳдории онҳо нисбати меъёрҳои муқарраршуда 2 - 3 маротиба зиёд буда, имкониятҳои техникиву молиявии корхонаҳоро ҷиҳати пешниҳоди хизматрасонии коммуналӣ дар ҳаҷм ва сифати зарурӣ маҳдуд сохтаанд.
Аз ин рӯ, роҳбарони мақомотҳои маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки  ба масъалаи мазкур  таваҷҷуҳи бештар намоянд. Зеро ҳам дар фасли сармо ва гармо нақши техникаҳои махсуси коммуналӣ хеле калон мебошад ва махсусан, дар давраи тирамоҳу зимистон зарурият ва эҳтиёҷ бештар эҳсос мешавад.  
- Бо мақсади таъмини корхонаҳои коммуналӣ ба техникаву механизмҳо, контейнерҳо аз тарафи мутахассисони соҳа лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳрезӣ ва барои ҷалби маблағҳои зарурӣ ба институтҳои молиявии бонкҳои хориҷӣ пешниҳод карда шудааст. Аҳли кормандони соҳаи коммуналӣ баҳри иҷрои вазифаҳои ба соҳа гузошташуда тамоми кӯшишу ғайрати худро равона карда, оид ба дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 - 2018 чораҳои зарурӣ андешида истодаанд, - гуфт Нуралӣ Марҳабо.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 650

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед