logo

иҷтимоиёт

ОБИ ДАҲКАТСОЙ ОБОДӢ МЕОРАД

Мехоҳам дар бораи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат -  амнияти озуқаворӣ ҳарф занам. Соҳаи асосии хоҷагии халқи ноҳияи Деваштич кишоварзӣ асту метавонад барои таъмини  амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ низ саҳми арзанда дошта бошад.

Мардуми меҳнаткашу софдил, бахусус картошкапарварони ноҳия, дар самти равнақи ин соҳаи ҳаётан муҳим шуҳратёранд. Бо вуҷуди мавҷудияти захираю имкониятҳо шароит на ҳамеша созгор аст. Деҳқон аз камобӣ танқисӣ мекашад ва обанбор на ҳамеша ниёзи хоҷагидоронро бароварда мекунад. Аз ин рӯ, рафти корҳои сохтмонӣ дар хати обрасони Даҳкатсой - Даҳанасой боиси хушнудиамон аст ва мавриди истифода қарор гирифтани онро муштоқона интизорем. То ҳол агар дар обанбори Даҳанасой, ки ҳаҷми ғунҷоишаш 42 миллион метри мукааб аст, соле 8 - 10 миллион метри мукааб об захира шавад, баъди омадани оби Даҳкатсой он ба 22 миллион метри мукааб мерасад.
Як сол қабл аз ин Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, ҳангоми ташриф ба ноҳия дар маҷлиси фаъолон лоиҳаи ин сохтмони барои ноҳия муҳимро муаррифӣ намуд. Дар марҳилаи аввал барои амалишавии он аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 10 миллион сомонӣ ҷудо мешавад. Сохтмони ин хати обрасон давра ба давра амалӣ хоҳад шуд.
Дере нагузашта, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки иншооти мазкур таҳти таваҷҷуҳ ва назорати ҳамешагиашон қарор дорад, ба вилоят ташриф оварда, ба корҳои обёрии ноҳияи Деваштич ҳусни оғоз бахшиданд. Боварии мардум ба фардои дурахшон бештар гардид.
Лоиҳа аз тарафи корхонаи воҳиди давлатии Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» омода гардида, дар сурати амалишавӣ дар ду марҳила ба маблағи 67 миллион сомонӣ 12 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳи ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Муҷун, Яхтан, Ғазантарак ва шаҳраки Ғончӣ  обёрӣ ва 110 ҳазор нафар аҳолии Даҳкат, Хишекат, Қалъаи Дӯст, Қалъаи Мирзобой, Чӯянчӣ, Нуробод ва маркази ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки захираи обии ноҳия ба 9000 гектар замини кишоварзӣ мерасаду боқӣ 7454 гектар аз об танқисӣ мекашад.  Боиси хушнудист, ки баъди амалишавии иқдоми мазкур ҳазорон нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванду шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ кам, сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёбад.
Абдуворис ОРИФОВ,
собиқадори меҳнат аз ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 950

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед