logo

иқтисод

КӮЛОБ. БА ҶАШНИ БУЗУРГ БО ДАСТОВАРДҲОИ ШОИСТА

Сокинони меҳнатқарини шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамеша дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони азиз, иҷрои саривақтии қарору барномаҳои Ҳукумати кишвар, хусусан амру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми арзанда мегузоранд.  

Алҳол маҷрои саъю талош баҳри он равона шудааст, ки  барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015 - 2019» - ро пурра  амалӣ намуда, шаҳру деҳотамонро боз ҳам ободу шукуфотар созем. Барномаи мазкур 262 лоиҳаро ба маблағи умумии 1 миллиарду 46 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Тайи ду соли гузашта 119 лоиҳа ба маблағи 340 миллиону 726 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки 56,7 фоизи иҷрои барномаи мазкурро ташкил мекунад. Соли равон амалӣ намудани 120 лоиҳа ба маблағи умумии 193 миллиону 764 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи барнома, пеш аз ҳама, ба рушди соҳибкорӣ ва афзудани шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намуд, шумораи соҳибкорон 4233 нафар афзоиш ёфта, миқдори  хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 2088 адад расид. Мунтазам бо соҳибкорон вохӯриҳо баргузор гашта, тибқи «Равзанаи ягона» ба онҳое, ки мақсади бунёди корхонаҳои саноатиро доранд, дар муддати 5 рӯз қитъаи замин ҷудо карда мешавад. Барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ тамоми имконияту  шароит фароҳам оварда шудааст ва  дар ин самт ҳеҷ гуна  маҳдудияте мавҷуд нест. Натиҷаи ҳамин буд, ки ба наздикӣ аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон Қасри фарҳанги дар ҳоли садамавӣ қарор  - доштаи деҳаи Даҳанаи деҳоти Даҳана ба таври замонавӣ таъмиру азнавсозӣ гардид. Бо ҳамин усул иншооти дигари садамавӣ, яъне қасри фарҳанги деҳаи Ҳакимободи деҳоти Зиракӣ таҷдид гашта истодааст. Дар ободу дилкаш гардондани  боғи «15 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар он гузоштани муҷассамаи Модар  саҳми соҳибкорон шоистаи таҳсин аст.
Дар давоми 4 сол бо ташаббуси  соҳибкоронамон 150 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки аз ин ҳисоб 13 корхонаи хурди саноатӣ ва 45 коргоҳ мансуби соли ҷорианд. Бо дастгирии як гурӯҳ соҳибкорони саховатпеша 6,5 километр роҳҳо сангфарш карда шуданд.  Соҳибкорони Кӯлоб аз вохӯрии навбатии Сарвари давлат рӯҳу ғайрати тоза гирифта, азм доранд, ки ба ҷараёни  амалҳои бунёдкорию созандагӣ суръати тоза бахшанд.
Барои ҷалби бештари  сармояи хориҷӣ бо созмонҳои  байналмилалӣ ҳамкории доимӣ дорем. Дар деҳаҳои Калоту Файзободи Ҷамоати деҳоти Даҳана ва деҳаи ба номи М. Ғафурови Ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо харҷи 500 ҳазор доллари амрикоӣ кандани чоҳҳои амудӣ ва ба ҳавлии сокинон кашидани хати  оби тозаи ошомиданӣ натиҷаи ҳамин ҳамкорист.
Дар натиҷаи тадбирҳои роҳандозишуда нақшаи нуҳмоҳаи андоз барзиёд иҷро гардид. Тайи 9 моҳ 10 ярмаркаи ҷойҳои нави кори  холӣ баргузор шуда, 1213 нафар корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Корхонаҳои саноатӣ якҷо бо бахши хусусӣ ба миқдори 29,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд ва рушди соҳа 24, 6 фоизро ташкил дод. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр корхонаҳои дӯзандагӣ, аз ҷумла «Кооператор», «Пойафзол» «Мунаввара-М», фаъолияти истеҳсолиашонро беҳтар карда, барои муассисаҳои таълимӣ  либосҳои ягона  омода сохтанд.
Айни ҳол дар бахши кишоварзӣ – яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб ислоҳоти ҷиддӣ идома дорад. Маҷмӯи маҳсулоти кишварзӣ 288,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9, 9 миллион сомонӣ зиёд аст. Кишоварзон дурнамои истеҳсоли ғалладонаро 104, 2, сабзавотро 101, картошкаро 102, 5 ва полезиро 105 фоиз  иҷро намуданд. Дар майдони 2096 гектар кишти такрорӣ гузаронда шуд, ки назар ба дурнамо 20 гектар зиёд аст.
Дар деҳоти Кӯлоб соҳаи моҳипарварӣ  дар ҳоли рушд қарор дорад. Аз ҳисоби заминҳои санглох 36 хоҷагии моҳипарвар ташкил карда шуд. Майдони умумии ҳавзҳо 79,8 гектарро ташкил медиҳад. Моҳипарварон дар нуҳ моҳ ба бозорҳои минтақаву вилоят  104 тонна моҳӣ ворид намуданд.
Шаҳру деҳоти  Кӯлоб аз нигоҳи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ яке аз минтақаҳои осебпазир маҳсуб меёбад. Ин ҳолат водор мекунад, ки ҳамеша дар ҳоли омодагӣ қарор дошта бошем. Алҳол лоиҳаи инвеститсионии мустаҳкамсозии соҳили сойи Тебалай амалӣ карда мешавад. То имрӯз ба андозаи 5,6 миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расидаанд. Дар мавзеъҳои хатарзойи Зарқалъа, Хоҷа Исҳоқ ва Офтоблиқо низ бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба андозаи 11, 4 миллион сомонӣ  соҳилҳо мустаҳкам ва аз хатар эмин гардонда шудаанд.
Дар шаҳру деҳотамон 70 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 45164  хонанда фаъолият менамояд. 3065 нафар омӯзгорон машғули кори таълиму тарбияанд. Барномаи комютеркунонии муассисаҳои таълимӣ 115 фоиз иҷро гардид.
Бо назардошти Соли ҷавонон эълон гардидани соли равон 65 чорабинии оммавӣ – фарҳангӣ ва тарбиявӣ доир гардид. Аксари ин чорабиниҳо ба мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва  пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бахшида шудаанд.
Сокинони Кӯлоб азм доранд, ки соли хоҷагии 2017 - ро бо дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ ҷамъбаст намуда, Ҷашни бузурги 25 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол намоянд.
Хайрулло АМОНУЛЛО,
раиси шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 698

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед