logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БОҒИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкани Боғи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комил ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар замин боғҳои нав бунёд карда мешаванд.
Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин, бо ин роҳ мусоидат кардан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” соли 2006 - ум дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки соли 1937 таъсис ёфта буд, ташкил карда шуд.
Масоҳати умумии заминҳои боғ наздики 92 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ток, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб дорад. Аз дарахтони мевадиҳанда ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Дар масоҳати 9,48 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешаванд.
Дар Боғи миллӣ ба ҳолати то 1 - уми ноябри соли 2017 шумораи дарахтони мевадиҳанда 17 ҳазору 365 бех, теъдоди умумии 30 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз 66 ҳазору 840 бехро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахт, ки шумораашон 354 бехро ташкил медиҳад, мавҷуд аст ва онҳо нашъунамои хуб доранд.  Кормандон аз тухмӣ ниҳолҳои дарахтони гуногунро парвариш кардаанд, аз ҷумла сосна, маржевика, кипариси аризонӣ, туя, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто, инчунин, гулҳо, аз қабили садбарг, соквойа, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшод.
Дар ин муассисаи мазкур ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳудуди 3,80 гектар замини корам ғалла ва картошка кишт карда мешаванд. Дар майдони 0,5 гектар, гармхонаҳои парвариши лимӯ сохта шудаанд.
Дар ин боғ беш аз 100 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтон даҳҳо нафар коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои нодири ороишӣ ва хушбӯйи парваришшуда барои зебо кардани боғҳои пойтахт ва ташкили боғҳои нав дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нигаронда шудаанд.
Аз ин рӯ, зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон Пешвои миллат ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт тавсия доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришшуда истифода баранд.
Дастур дода шуд, ки аз ин ҷо барои боз ҳам зебою дилнишин кардани боғи Қасри миллат, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, боғи «Дӯстӣ», Боғи устод Рӯдакӣ, боғҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, боғи «Ирам», боғи «Наврӯзгоҳ» ва дигар боғҳои пойтахт дарахтони ороишӣ бурда шинонанд.
Ба роҳбарияти Боғи миллӣ барои васеъ кардани майдони боғ ва ба як макони дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардондани он дастурҳои дигар дода шуданд. Таъкид гашт, ки барои ба як боғи муҳташам табдил додан аз ҳозир ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои зиёд парвариш карда шаванд.
Табиат ва иқлими Тоҷикистон барои рушди боғу токпарварӣ, бунёди боғҳои меваҳои содиротӣ хеле мувофиқ мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари кишвар бо дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна бомаром идома доранд. Солҳои охир ба хотири беҳдошти иқтисодиёти кишвар бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар бозорҳои кишварҳои хориҷ талабот ба меваҳои хуштаъми сарзамини мо зиёд аст.
Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, аз ин ҳисоб заминҳои кишт ва боғҳо васеъ карда мешавад. Танҳо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо боғҳои интенсивӣ бунёд шудаанд. Боғҳои калонтарини ҷумҳурӣ, ки бо иштироку иқдоми бевоситаи Пешвои миллат ва бо саҳми ҳазорҳо нафар меҳнаткашони мамлакат бунёд шудаанд;
“Боғи миллии Тоҷикистон” - соли таъсисёбиаш 2006 - ум, “Боғи 15 - солагии Истиқлолият” - соли таъсисёбӣ - 18 феврали соли 2006 дар шаҳри Ҳисор,  “Боғи Ваҳдати миллӣ” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, аз 20 марти соли 2008, “Боғи Истиқлол” дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, аз 26 марти соли 2011, “Боғи 3000 - солагии Ҳисор”, аз 1 марти соли 2014, “Боғи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” дар хоҷагии фермерии “Асадулло” - и ноҳияи Хуросон, аз 23 феврали соли 2016, “Боғи 25 - солагии Истиқлолият” дар шаҳри Ҳисор, аз 25 феврали соли 2016 ва боз даҳҳо адад боғҳои интенсивӣ мебошанд, ки меъморашон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ин иқдомҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, агар аз як ҷониб барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кори нав ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар баҳри истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, содироти меваю хушкмеваҳо ба хориҷи кишвар ва барои гирифтани даромади хуби иқтисодии кишвар ва мардум манфиатовар мебошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 729

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед