logo

иҷтимоиёт

САРБАНД. ТАКЯ БА ҶАВОНОН

Бахшида ба 25 - умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд бо иштироки намояндагони ШВКД, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва иштирокчиёни ҷаласаи тақдирсоз бо шогирдону омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ доир гардид.
Саид Файзуллоев, яке аз иштирокчии бевоситаи ин Иҷлосияи XVI дар бораи аҳамияти бузургу таърихӣ, нақши иҷлосия дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва шароити баргузор гардидани он сухан гуфта, насли ҷавонро барои муқаддас донистани истиқлолият ва сулҳу ваҳдати пойдор дар кишвар ҳидоят намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар аз насли ҷавон, имкониятҳои васеи ҷавонону наврасон барои илм омӯхтану соҳибкасб шудан ва чашмдошти неки худ аз онҳо сухан гуфта, дар роҳи расидан ба орзую ҳадафҳояшон ба онҳо муваффақият орзу намуданд.
Наргис Қурбонова, муовини раиси шаҳри Сарбанд, гуфт, ки чунин вохӯрӣ бо иштироки омӯзгорону хонандагон, зиёиён ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр чанде пеш ба истиқболи 23 - юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Санади тақдирсоз» доир гардид. Дар он иштирокчиён оид ба «Ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Конститутсияи соли 1994 ва нақши он барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва мавзӯҳои дигар сухан гуфтанд.
Таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба беҳудагардӣ ва ҷинояткорӣ даст задани ҷавонону наврасон, огоҳ сохтан аз пайомадҳои нохуши ҷинояткорӣ, ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо роҳандозӣ гардидаанд ва минбаъд дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронда мешаванд.
Ш. АБРОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2017    №: 232    Мутолиа карданд: 218

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед