logo

иқтисод

СОҲИБКОРӢ. ЧАНД ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

Рушди соҳибкорӣ, хусусан истеҳсолӣ, яке аз омилҳои фаровонии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба шумор меравад.

Бо назардошти ин, хурсандиовар аст, ки сол то сол дар кишвар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои хурду бузурги дӯзандагӣ таъсис ёфта, ҳазорҳо нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Дар зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолии нассоҷию дӯзандагӣ саҳми корхонаҳои ИИ «Нассоҷии тоҷик», «Гулистони Душанбе», «Даҳбед - Д», «Сомон - 2013», «Чевар - 2014», «Зуҳал - 2014»,«Гулдаст - 2015», «Сабр - 2016», «Ҳусния - Б», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Субҳи Сарбанд», «Бофандаи Норак», «Нассоҷии Хуҷанд», «Олимхони Хуҷандӣ» «Каёнуш» ва «Коргоҳи дӯзандагӣ»  назаррасанд.
«Гулистони Душанбе» яке аз бузургтарин коргоҳҳои нассоҷии кишвар мебошад, ки саҳми худро дар коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ расондааст. Корхона дар рушди саноати бофандагӣ, татбиқ намудани комёбиҳои илму техника, технологияи нав,ҷорӣ намудани асосҳои навини муносибатҳои бозаргонӣ пешравиҳои назаррас дорад ва сол то сол истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардумро бештар гардонда истодааст.
Дилшод Бегов, директори генералии ҶСК «Гулистони Душанбе», гуфт, ки корхона дорои таҷҳизоти нави технологӣ буда, иқтидори истеҳсолии он дӯхти зиёда аз 1 миллион адад маводи дӯзандагӣ дар як сол аст. Таҷҳизоти корхона соли 2005 аз Олмон, Ҷопон, Италия, Чин ва Туркия ворид карда, насб гардидаанд. Технологияи нав имконият медиҳад, ки маҳсулоти сифатан ҷавобгӯй ба стандартҳои байналхалқӣ истеҳсол намояд.
- Корхона аз моҳи июни соли 2016 ба кор оғоз намуд ва ҳоло дар он 91 нафар фаъолият менамояд. Ҳаҷми истеҳсол дар соли сипаришуда 590 000 сомонӣ ва дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 2 миллион сомониро ташкил дод. Ҳоло кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки маҳсулоти сифатан хуб истеҳсол ва иқтидори содиротии корхонаро афзун намоем. Моҳи июни соли ҷорӣ бо корхонаи ҶДММ «АВМ Спорт» - и Федератсияи Русия барои истеҳсоли либосҳои варзишӣ шартнома бастем. Ҳоло корхона асосан бо фармоишҳои дохилӣ кор карда, ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ, махсуси корӣ ва дигар намуди либосҳо машғул аст, - гуфт Д. Бегов.
Мутахассисони корхона, аз ҷумла Дилшод Бегов, андеша доранд, ки барои дастгирии соҳибкорон беҳтар мебуд корхонаҳои дохилӣ бештар ба тендерҳои давлатӣ даъват шаванд, то ин ки ин корхонаҳо рушд ёбад. Инчунин, корхонаҳои дӯзандагӣ ва нассоҷӣ дар супурдани андоз бояд имтиёз дошта бошанд, чунонки дигар корхонаҳо аз ин гуна имтиёзҳо бархӯрдоранд. Ин ба роҳ ёфтани корхонаҳои ватанӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ бо бренди «MadeinTajikistan» мусоидат мекунад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2017    №: 232    Мутолиа карданд: 726

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед