logo

сиёсат

ҚАСРИ АРБОБ. ОШЁНЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ ВОҲИД ТАБДИЛ ДОД

Вақте кас ба шаҳри бостонии Хуҷанд сафар мекунад,  ҳатман ба тамошои Қасри Арбоб меравад. Зеро ин макони муқаддас дар таърихи навини халқи тоҷик нақши мондагор дорад. Дидани қасри бошукӯҳ боз як бори дигар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳокимаҳои дурударози  вакилони мардумиро зимни  ин чорабинии бузурги сиёсӣ пеши рӯ меорад. Ҳарчанд ин қаср қаблан низ шаҳомати бузург дошт,  аммо  баргузории  иҷлосияи тақдирсоз  ба он шуҳрати ҷовидонӣ бахшид. 

 Корнамоӣ ва ҷоннисориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин кохи азим оғоз ёфта, мамлакатро аз вартаи ҷанг берун кашид ва  ба як кишвари шукуфону рӯ ба тараққӣ табдил дод.  Аз ин ҷост, ки торафт ин боргоҳи сиёсат  қадру қимати баландтар касб мекунад ва  назди миллат муқаддастар мегардад.
Абдузаффар Иномов, директори Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб», изҳор дошт, ки Сарвари давлат  ҳанӯз соли 1994  зимни баромади пешазинтихоботии  хеш дар шаҳри Хуҷанд аз қаср  дидан намуда,  диққати иштирокчиёнро ба ободу зеботар сохтани он  ҷалб намуданд. Баъдан дар доираи 60 - солагии вилояти Суғд бо дастуру супориши Президенти кишвар қаср пурра таъмир гардида, чорабиниҳои фарҳангӣ дар ин ҷо барпо гардиданд.
 23 марти соли 2001 бошад,  бо ҳузури   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   100 - солагии Саидхӯҷа Урунхӯҷаев дар Қасри Арбоб бо тантанаи хос  баргузор гардид ва  баъд аз як соли дигар  дар ин макон ҷашни 10 – солагии Иҷлосяи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт. Бо  ин мақсад он бори дигар навсозӣ шуд. Бо дастури Президент ба муносибати ин санаи хотирмон дар қаср як толори зебо барои гузарондани маҷлису ҷамъомадҳо ва осорхонаи хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаев  сохта шуданд, ки ба ҳусни он зебоии дигар зам намуданд. Ҳамин тавр, соли 2007 дар остонаи  15 -  солагии иҷлосия дар Қасри Арбоб чорабиниҳои гуногун барпо  гардида, дар бинои он таъмири ҷорӣ ба роҳ монда шуд.
 Соли 2012 дар арафаи таҷлили 20 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси Сарвари давлат корҳои таъмиру навсозии қаср боз ҳам вусъат гирифтанд. Ба маблағи беш аз 25 миллион сомонӣ  бинои кохи  мазкур  ба таври куллӣ таъмир шуд, ки давоми 55 соли фаъолияти он чунин навсозӣ сурат нагирифта буд. Меъморони моҳири кишвар дар пештоқи  қаср ба таври рамзӣ аз сангҳои мармари  қаъри  уқёнуси Ҳинд 16 сутуни нав  гузоштанд. Ҳамчунин,  дар  шафати  Қасри Арбоб Чойхонаи  миллӣ бо тарҳ ва кандакории миллӣ бунёд гардид. 19 ноябри ҳамон сол дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бо иштироки Сарвари давлат он мавриди истифода қарор гирифта,  ҷамъомади тантанавӣ барпо гашт.  Дар радифи корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ ва сохтмони иншооти гуногуни фарҳангию фароғатӣ соли 2015 бо супориши бевоситаи Пешвои миллат  дар назди Қасри Арбоб  боз  амфитеатри замонавӣ бунёд ёфт, ки имрӯзҳо яке аз маконҳои асосии баргузории чорабиниҳост.
Ба замми корҳои зиёди созандагию ободкории солҳои пешӣ имсол низ намо ва дохили бинои қаср ва иншооти он, аз ҷумла Чойхонаи миллӣ ва амфитеатр  навсозӣ гардиданд.  Саҳни  қаср ва гирду атрофи он пурра чароғон гардонда шуд. Лавҳаю  шиорҳои шодбошӣ,  навиштаҷоти гуногуни  ороишёфта  дар пештоқу даруни қаср аз омодагии ҳамаҷонибаи он барои истиқболи  25 – солагии Иҷлосияи хотирмони 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон  шаҳодат медиҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2017    №: 232    Мутолиа карданд: 282

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед