logo

иқтисод

РЕКЛАМА – КАМ. БАНДУБАСТИ МАҲСУЛОТ ЧӢ?

Одатан намеандешем, ки бастабандӣ метавонад аз худи маҳсулот ҳам муҳимтар бошад ва онро ҳамчун як рӯйпӯши нолозим меҳисобем. Ҳол он ки банду баст (ё худ борҷома) дар қатори реклама воситаи асосии рушди маркетинг (бозор), нақши хеле муҳим дорад. Агар 60 дарсади серхаридории маҳсулот ба сифати он вобаста бошад, 40 дарсади дигар ба банду баст иртибот дорад.

Бо дарки муҳимияти ин масъала корхонаҳои саноатии кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки марҳила ба марҳила бо кам кардани хароҷот арзиши аслии маҳсулотро нигоҳ доранд. Масалан, комбинати шири шаҳри Душанбе барои истеҳсоли беш аз 30 намуд маҳсулоти ширӣ дар худи комбинат коркарди банду бастро ба роҳ мондааст. Ин имконият медиҳад, ки  маҳсулот ба мизоҷон бо нархи арзон дастрас гардад. 
Саттор Ғаффоров, директори корхонаи воҳиди давлатии «Саноати гӯшту шир», иброз намуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар самти истеҳсоли  панир бо банду басти ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ муваффақ аст. Зиёда аз 20 намуд панири истеҳсолкардаи комбинати шири шаҳри Душанбе, фабрикаҳои шири «Саодат» ва «Порсои Хуҷанд» аллакай бозори дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин карда, бо панири воридотӣ, ки 90 дарсадаш равғани нахл мебошад, рақобат карда истодаанд.  Маҳсулот ба кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон низ содирот мешавад. Чанде пеш панири Тоҷикистон бо логотипи «Made in Tajikistan» дар намоишгоҳи Тошканд низ ба намоиш гузошта шуда, харидори зиёд пайдо кард. Дар масоили содироти панир байни намояндагони тоҷику ӯзбек созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Айни замон корхонаҳои саноатии гӯшту шир бо таҷҳизоти хурди коркард ва дизайни махсус чанд намуд борҷома - нимқуттиҳои пласмасӣ, коғазӣ ва зарфҳои гуногун барои зиёда аз 90 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мекунанд. Муваффақиятҳо дар самти коркард ва истеҳсоли борҷома барои банду басти семент, меваи хушк ва маҳсулоти ороишии дастранҷи ҳунармандони тоҷик хеле назаррасанд. Борҷомаи чӯбӣ вижагии миллӣ дошта, ҳунару маҳорати дизайнерони тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ месозад.
Коршиносон бастабандӣ ё худ борҷомаро оинаи маҳсулот меҳисобанд. Он ҳар чи қадар ҷолибу босифат бошад, ҳамон қадар зиёд харидор пайдо мекунад.
О. ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2017    №: 232    Мутолиа карданд: 842

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед