logo

фарҳанг

МАХЗАНИ ИЛМУ ҲУНАР

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ яке аз бонуфузтарин марказҳои хизматрасонии фарҳангӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад. Ҳамзамон, он куҳантарин китобхона дар кишвар маҳсуб меёбад. Имсол ба таъсиси он 100 сол пур мешавад.
Таърихи таъсисёбии китобхона ба соли 1917 рост меояд. 12 марти соли 1917 ҳамоиши панҷуми депутатҳои Гарнизони ҳарбии аскарони шӯравӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ки дар он қарори таъсис додани китобхона қабул гардид. Хазинаи китобхонаи навтаъсис худи ҳамон моҳ бо рӯзномаву маҷалла ва китобчаҳои мазмунан сиёсӣ пур шуд. Шумораи аввалини рӯзномаи «Известия» низ ба дасти хонандагон - аскарон тавассути ҳамин китобхона расид. Баъди як моҳ аз китобхонаи шаҳри Тошкент 150 адад китоби дигар оварданд. Минбаъд адабиёти зарурӣ аз шаҳрҳои Москва ва Петроград дастрас мегардид.
Китобхона дар Хонаи озодӣ ҷойгир шуда, мудири нахустини он Червинский таъйин гашт. Аз 1 январ то 1 августи соли 1919 барои ба махзани китобхона ворид кардани адабиёти зарурӣ 33 560 рубл ва барои дастуру раҳнамоҳо 27 447 рубл маблағ сарф гардид. Бино ба иттилои Корманди шоистаи санъати Тоҷикистон Н. Морозов ва профессор А. Дун соли 1924 китобхона шаҳрӣ шуда, дар назди клуби 1 - уми май ҷойгир мешавад. Аз соли 1927 он ҳамчун китобхонаи марказӣ ва дастурдеҳ бо китобхонаҳои ноҳияҳои Хуҷанд, Нов, Ашт, Конибодом ва Исфара ҳамкорӣ мекард.
Шӯрои шаҳри Хуҷанд барои вусъат бахшидани корҳои китобдориву китобшиносӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Дар натиҷа, бинои китобхонаи марказии шаҳрӣ калонтар ва дар он аввалин толори хониш кушода шуд.
Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон низ (1939 – 1945) ҳам китобхона аз фаъолият намонд. Китобдорон ба аскарону афсарони дар госпиталҳои ҳарбии шаҳр буда, китоб мекашонданд. Соли 1947 китобхонаи шаҳрӣ ба вилоятӣ табдил ёфта, соли 1949 онро ба бинои нав кӯчониданд.  Махзани китобхона дар соли 1959 ба 123 ҳазор нусха расонда шуд.
Мутахассисони маҳаллӣ низ дар он ба фаъолият шурӯъ карданд. Соли 1961 А. Маҳкамов дар вазифаи мудири китобхона, О.Додохоҷаева ва М. Умарова  мудири  шуъба,            О. Неъматова ва дигарон китобдор шуда кор мекарданд.
Ҳамасола фонди он ғанӣ мегардид. Танҳо дар соли 1987 ба хазинаи китобхонаи вилоятӣ 13 ҳазор нусха китоб, 416 номгӯйи рӯзномаву маҷаллаҳо ворид гардида, аз он зиёда аз 10 ҳазор хонанда истифода бурд.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба ҳайати кории китобхона шомил шудани Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, нависандаву рӯзноманигор Аҳмадҷони Хистеварзӣ, таърихшинос Эҳсон Оқилов, адабиётшиносон Нуралӣ Нуров, Баҳром Мирсаидов ва Тайиба Бобоева дар таърихи  китобхонаи вилоятӣ саҳифаҳои навро боз намуд.
Айни замон бинои чаҳорошёнаи китобхона тамоми шароитҳои кориро доро мебошад. Он таҳхонаҳои калон барои нигаҳдории китобҳо низ дорад. Дар ошёнаи якум шуъбаҳои техникӣ ва кишоварзию нигаҳдории китобҳо ҷойгир шудаанд. Шуъбаҳои хизматрасонӣ, маълумотдиҳӣ - библиографӣ, табъу нашр, дастхатҳо ва нашрияҳои нодир, китобхона - филилали № 7, толори маҷлис, шуъбаи илмӣ - методӣ ва дафтарҳои маъмурӣ дар ошёнаи дувум воқеъ гардидаанд. Дар ошёнаи сеюм бошад, шуъбаҳои электронӣ, толори хониш, адабиёти хориҷӣ, феҳристҳо, санъат, адабиёти бачагона (китобхона - филиали № 8) мавқеъ доранд. Ду шуъба - матбуоти даврӣ ва адабиёти тиббӣ дар ошёнаи чаҳорум барои истифодабарандагон хизмат мерасонанд.
Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 1212

16.12.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Луиҷи Ди Майо

Ҳавзаҳои интихоботӣ муқаррар шуданд

БОКС. Ду медали бонувони тоҷик

ЁВОН. Фермаи азими чорво бунёд мегардад

БАТР ба Тоҷикистон дар безарарсозии партовгоҳҳои радиоактивӣ ёрӣ мерасонад

ИМА аз Афғонистон беш аз нисфи низомиёнашро мебарорад

Дар Қазоқистон 14 ҷангии гурӯҳи "Давлати исломӣ" - ро зиндон карданд

Дар Ӯзбекистон таҳсил панҷрӯза мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед