logo

фарҳанг

БОЗДИДИ ТОЗА БО АЙНӢ

Ман ба ин муҷассамаи хиёбонӣ аз навҷавонӣ одат карда будам. Вақте ки моҳи сентябри соли 1961 донишҷӯи ДДТ (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шудам, ҳар рӯз чанд бор аз хиёбони устод Айнӣ ва аз майдоне, ки дар рӯ ба рӯйи Осорхонаи кишваршиносии ба номи Беҳзод мавқеъ дошт, мегузаштам ва фарзанди бузурги миллатро болои курсии на чандон баланде нишаста, ғарқи хаёлу андеша медидам. Дар атроф биноҳои баланд қад афрошта буданд ва муҷассамаи кӯчаки устод ба назарам аз ҳамаи онҳо болотар менамуд.
Баъдан ба ҷойи ин муҷассама маҷмааи пуршукӯҳе қомат афрохт, ки он ҷо устод бо қаҳрамонони асарҳои ҷовидонаи худ пеши назар ҷилвагар гардид. Бояд зикр кард, ки ин маҷмаа ҳамчун шоҳасар ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардид. Дар миёни офарандагони ин шоҳкорӣ меъмори тоҷик, бародари хурдии нависандаи бемарги мо Пӯлод Толис – шодравон Рустам Каримов низ буд...
Аммо ман ба ҳамон муҷассамаи хиёбонии устод Айнӣ одат кардаам. Ҳар гоҳ ки ба зодгоҳам ноҳияи Айнӣ меомадам, ҳатман онро, ки аз Душанбе ба ин ҷо оварда буданд, зиёрат мекардам. Ва ҳамеша навҷавониам, аввалин шиносоиям бо пойтахти Ватан, дарёфти нахустин дӯстони навқаламам ба ёдам меомад.
Ҳарчанд муҷассама дар ҳалқаи силсилакӯҳҳо ва дар паҳлуи манори бостонии Варзи Манор ҳамчунон кӯчак менамуд, шаҳомати устод Айнӣ аз ҳамаи шаҳоматҳо пуршаҳоматтар буд.
Ҷойи ифтихор аст, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, бавижа раиси муҳтарами он Неъматулло Раҳматуллозода дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ курсии устодро ба маротиб баланд бардоштанд, майдони сабзу хуррам ва пургулу сабзаро ба миён оварданд. Акнун онҳое, ки ба зиёрат меоянд, дар деворнигораҳои атроф манзараҳои дилангези ин диёрро мебинанд, ки номи устод Айниро дорад.
Як лаҳзаи фаромӯшношудании ин рӯйдод он буд, ки аз Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳо ононе ҷамъ омада буданд, ки дар озмуни якҷояи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар мавзӯи устод ва забони тоҷикӣ ширкат доштанд.
Дар толори кохи фарҳанг, ки номи Туғрали Аҳрориро дорад, намояндагони тамоми деҳаҳои ноҳия ҷамъ омаданд ва як маҳфили гарму равшани эҷодии эҷодкорон бо мардуми ин ҷо сурат гирифт. Ин муҳаббату садоқати самимии мардуми Айнӣ ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба устод Айнӣ буд.
ГУЛНАЗАР,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 973

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед