logo

сиёсат

РОҲБАР

Роҳбари олии сиёсии  давлати мо лаёқату  шоистагии худро дар мақому манзалат ва мартабаи  Пешвои миллат кайҳо боз ба субут расондааст. Бо вуҷуди санаду ҳуҷҷатҳои мутааддид,  аллакай ботинан мардуми кишвар ӯро ба ҳайси  Пешвои миллат ва Президенти мардумию сулҳофар пазируфта буданд. 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо оғози кору пайкори худ  дар мақоми Роҳбари олии  кишвар бо матонату эътимод  ба нерую  зарфияти халлоқу  созандаи халқ ва ба андешамандии   тоҷикон ба мардуми худ аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ваъдаи сулҳ ва оромишу осоиш ва якпорчагӣ  намуданд ва саодатмандона ин неъмати пурарзишро ба халқу Ватани худ дар замони камтар аз панҷ сол таъмин ва пешкаш  карданд. Халқи тоҷик низ бо такя ба хирадмандию андешаҳои нек ӯро меҳвари асосии худ қарор дода,   роҳи рӯшани ҳидоятгари худро саодатмандона сипарӣ ва пушти сар намуданд.  Ба истилоҳи  дигар, аз ҳамон ибтидои роҳи тақдирсоз  мардум дар шахсияти  Эмомалӣ Раҳмон зоҳирану ботинан  ҳидоятгари  асили неруҳои мардумиро хуб ва ба дурустӣ дарку фаҳм карданд.
Тоҷикистон тӯли муддати начандон дароз  соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона гардида, ба ҳукми давлати мустақил дар олам шуҳрат ёфт  ва  ин дастоварди беҳамтои сарнавиштсоз ба воситаи якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ, иқтисоди рушдгар, тақвияти мустақилияти энергетикӣ, истиқлолияти  коммуникатсионӣ ва кору пайкорҳои  дигари созанда ба даст омад.  
Истиқлолияти давлатӣ барои дарку фаҳм ва таҳкиму тақвият бахшидани худшиносӣ ва озодиву ифтихори миллӣ муҳиту шароити хеле муосоид фароҳам овард.  Дар навбати худ эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба сифати  омили пурарзиши  маънавӣ ба таҳкиму тақвияти  мустақилияти  давлатӣ замина эҷод кард. Президенти давлатсози мо дар ҳамаи вохӯрию мулоқотҳо  бо қишрҳои гуногуни  ҷомеа ва хоссатан Паёмҳои  ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олӣ ёдрас мекунанд, ки  мо ҷидду ҷаҳд дорем, ки ба  ҳар як сокини кишвар  шароити зиндагии шоиста ва шарофатмандонаро фароҳам оварем.
Мусаллам аст, ки  тамоми ҷаҳонро буҳронҳои иқтисодию сиёсӣ ва молиявӣ пайгиранд. Новобаста ба таъсироти манфии буҳронҳои мазкур  Сарвари давлати мо  ба ҳаллу фасли  мушкилоти самту  соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, хоссатан илму маориф,  фарҳангу тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус равона мекунанд. Ҳамзамон, такрори ба такрор зикр ва таъкид менамоянд, ки сарнавишти  насли ояндасоз ва пешбари ҷомеа ва давлат аз омӯзгорон вобаста аст.
Воқеан ҳам, агар баъзе аз неруҳои дохилию хориҷии «давлатсӯз» хеле ҳам ҷаҳд карда бошанд, ки Тоҷикистон сӯхта хокистар гардад, аммо Пешвои миллати мо сарриштаи сарнавишти давлату миллатро ба дасти худ гирифта, дар ин муддати таърихан кӯтоҳ давлате  сохтанд, ки миёни давлатҳои мутамаддин яке аз давлатҳои бонуфуз гардид.
АРАФАМО ДАМИНОВА,
мудири бахши магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 978
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед